Хабарҳо

Суйқасд ба одамкуши !

    Резвониан Сейедхоссен Сейедалиасқар, санаи таваллудаш 21 марти соли 1972, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, маҳалли 46, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Нуралиев Комрон Ғоибович, ба ҷинояти суйқасди одамкӯшӣ бо бераҳмии махсус ва роҳзанӣ даст задаанд.

   Чунончӣ, Резвониан С.С. тахминан моҳи апрели соли 2021 бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳори Разоқ, таваллудаш 05.04.1991 сол, тариқи никоҳи дини мусулмонӣ оила барпо намуда,то моҳи августа соли 2021 якҷоя зиндагӣ карда, бинобар носозии оилавӣ аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Тахминан санаи 10 октябри соли 2021 Резвониан С.С. аз дӯстонаш хабардор шудааст, ки собиқ ҳамсараш Ашурзода Г.Р. худро дар яке аз кошонаи ҳусни ҳудуди шаҳри Душанбе оро дода, бо мақсади ба маркази дулхушӣ рафтан ба ноҳияи Ёвон сафар кардааст. Ӯ шаби 14.10.2021 сол ба ноҳияи Ёвон рафта, дар меҳмонхона ҷойгир шуда, то 15.10.2021 сол муайян кардааст, ки собиқ ҳамсараш Ашурзода Г.Р. дар меҳмонӣ дар хонаи иҷорагирифтаи дугонааш воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ёвон мебошад. Пас ӯ 16 октябри соли 2021 аз рӯйи хусумат ва ҳиссиёти рашк бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Нуралиев Комрон Ғоибович, сокини шаҳри Кӯлоб бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани Ашурзода Г.Р., бо табар ва “Кислотаи Нитрат” (Азотная кислота), ки барои ҳаёт хатарнок буда, метавонад сабаби марги инсон гардад, мусаллаҳ шуда, тахминан соати 21 бо автомашинаи кироя аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ёвон ҳаракат карда, тахминан соати 22 ба ноҳияи Ёвон расидаанд.

    Ӯ, бо Нуралиев К.Г. ба мошини иҷорагирифта воқеъ ба Ҷамоати шаҳраки Ёвон рафта, фурӯзонакҳои равшанидодаистодаи ошёнаҳои 3 ва 4-и даромадгоҳи зикршударо кушода гирифта, барои содир намудани ҷиноятӣ ба нақша гирифташуда торикиро мувофиқ карда, дар ҳавли интизори омдани Ашурзода Г.Р. шудаанд.

   Ӯ, бо Нуралиев К.Г. тахминан соати 23:30 дақиқа, ҳангоми вориди даромадгоҳи бино шудани Ашурзода Г.Р. ва дугонааш Абдуллоева М.Н. ба рӯй ва бадани охирин кислотаи нитратро мепошад. Аз ин Ашурзода Г.Р. роҳи гурезро пеш мегирад. Резвониан С.С. бо табари дар дасташ буда як зарба ба қисми пушти cap, ду зарба ба миёни Ашурзода Г.Р., ва пас аз афтидан боз як маротиба бо табар ба қисми руйи Ашурзода Г.Р. задааст.

  Сипас онҳо бовари ҳосил намудаанд, ки Ашурзода Г.Р. ба халокат расидааст ва халтаи туҳфаҳоро бо ҷамъи умумӣ ба маблати 713 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

   Бо кӯмаки табибон, Ашурзода Г.Р. ба беморхона бистарӣшуда, баъди табобат аз марг наҷот ёфтааст.

   Прокурори ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Нисбати Резвониан С.С. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “е, з, и” ва 249 қисми 3 бандҳои “а, г” ва Нуралиев К.Ғ. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “е,з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудааст.

    Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандахои ҷиноятии суди вилояти Хатлон, аз 7 январи соли 2022 Резвониан С.С. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “е, з, и” ва 249 қисми 3 бандҳои “а, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба мӯҳлати 17 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

   Ба Нуралиев К.Ғ. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “е, з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлти 15 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

       

        Маркази матбуоти

        Прокуратураи генералӣ