Хабарҳо

Қонунвайронкунии танзими анъана ва ҷашну маросим ошкор шуд!

    Шаҳрванд Фарҳоди Шукуруллои Муқим, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро риоя накардааст.

    Чунончӣ, Фарҳоди Ш.М. санаи 13 ноябри соли 2021 оши туйи бародараш Муқимов Д.Ш.-ро мебоист тибқи тавсияномаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳияи А.Ҷомӣ, аз соати 10-00 то 13-00 дақиқа бо додани оши туй баргузор намояд. Вале, ӯ бархилофи талаботи моддаҳои 10 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, оши туйи бародарашро бо додани ду таом аз ҷумла, ош ва шӯрбо бо вайрон намудани мӯҳлат аз соати 09.20 дақиқа баргузор намудааст.

    Ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ қонунвайронкунии мазкур ошкор карда шуд.

    Нисбати Фарҳоди Ш.М. санаи 13 ноябри соли 2021 аз тарафи прокурори вилояти Хатлон, бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

    Бо қарори суди ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, аз 2 декабри соли 2021 шаҳрванд Фарҳоди Ш.М. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда баробар ба 6000 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

    Бағайр аз ин, шаҳрванд Қурбонов Алишер Турахонович, сокини ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон, талаботи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро риоя накардааст.

    Чунончӣ, Қурбонов А.Т. санаи 22 ноябри соли 2021 бархилофи талаботҳои моддаҳои 4, 5 ва қисми 2-и моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал карда, дар манзили истиқоматиаш маросими чили марҳум падараш Қурбонов Т.-ро бидуни гирифтани тавсиянома аз мақомоти ваколатдори давлатӣ бо даъвати зиёда аз 100 нафар дӯстону хешовандон ва ҳамсоягонаш бо додани таъом баргузор намудааст.

    Ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ қонунвайронкунии мазкур ошкор карда шуд.

    Нисбати Қурбонов А.Т. санаи 22 ноябри соли 2021 аз тарафи прокурори вилояти Хатлон, бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

   Бо қарори суди ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон, аз 6 декабри соли 2021 шаҳрванд Қурбонов А.Т. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда баробар ба 6000 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.     

 

 

        Маркази матбуоти

        Прокуратураи генералӣ