Хабарҳо

Таҷовуз ба номус !

  Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвнадаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саминов Н.А. бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи шаҳри Ҳисор ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.

  Дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Саминов Нозимҷон Ашуралиевич, санаи 21 сентябри соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.

   Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ бо ҳукми худ аз 13 январи соли 2022 Саминов Н.А.-ро бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияии слоҳии дорои низомаш сахт таъйин намудааст.       

 

        Маркази матбуоти

        Прокуратураи генералӣ