Хабарҳо

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

  Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110 қисми 1-и (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович, 02.02.1999 соли таваллудаш ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

    Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Сангалиев Ш.Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст.

    Чунончӣ, 16 августа соли 2021 тахминан соати 19 30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, байни хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 45045 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша capзадааст.

    Дар рафти муноқиша прапоршик Сангалиев Ш. Р. бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенантӣ калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ барои ҳаёт хавфнок расонидаааст.

   Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, судшаванда Сангалиев Шоҳрух Рустамовичро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, номбурдаро маҳкум кард.     

 

   Маркази матбуоти

   Прокуратураи генералӣ