Хабарҳо
Одамкуши бо бераҳмии махсус !
Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳусейнов Зафарҷон Насрудинович, бо моддаи 104 қисми 2 банди “з” (одамкушӣ) ва Азимов Абдулло Мансурович, бо моддаҳои 36 қисмҳои 4 ва 5-104 қисми 2 банди “3” (шарики дар ҷиноятӣ одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки солҳои 1996 бо сабаби ба миён омадани баҳси замин байни аъзоёни оилаи Ҳусейнов З.Н. ва ҳамдеҳаашон сокини деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Худоёров З.А. муноқишаҳо ва хусумату бадбинӣ пайдо гардида, дар муддати зиёда аз 22 сол аъзоёни ин оилаҳо чандин маротиба байни худ баҳсу муноқиша намудаанд. Ин ҳолат боис гардидааст, ки 14 январи соли 2018 фарзандони оилаҳои мазкур ба луту кӯби ҳамдигар ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ даст задаанд, ки дар натиҷа нисбати ҳарду тараф барои ҷинояти авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Рашт маҳкум гардидаанд.
Минбаъд ҳам, хусумати байни оилаҳои мазкур идома ёфта, дар ҳамин замина 10 июли соли 2021 тахминан соати 22-00 Худоёров Алиризо Зубайдуллоевич, ҳолати аз назди манзили истиқоматиаш гузаштани ҳамдеҳааш Ҳусейнов Зафарҷон Насрудиновичро дида, бо корд ба назди ӯ баромада, бо баҳонаи дар кӯча ва дигар ҷойҳо нисбаташ беэҳтиромӣ ва муноқиша намудан, кордро дар гулӯи номбурда гузошта, таъкид намудааст, ки минбаъд ҳангоми рӯ ба рӯ шудан сарашро хам карда гузашта, ба корҳояш халал нарасонида, нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир накунад.
Хусейнов З.Н. аз ин амали Худоёров А.З. ба ғазаб омада, дар ниҳодаш қасди куштори ӯ пайдо гаштааст. Бо ин мақсад ӯ 11 июли соли 2021 нияти қасди куштори Худоёров А.З.-ро ба бародараш Хусейнов А.Н. хабар додааст, вале ӯ ин корро дастгирӣ накарда, тавсия додааст, ки оид ба ин ҳолат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд. Ҳусейнов З.Н. аз рӯи ғараз ва қасди пештар доштааш ба ин таклиф рози нашуда, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ҳатман Худоёров А.З.-ро ба қатл мерасонад.
Бо ин мақсад Хусейнов З.Н. 12 июли соли 2021 тахминан соати 18-00 дар назди роҳи мошингузари деҳаи Яшм бо писарамакаш Азимов А.М., ки оиди муноқиша ва ҷангу ҷанҷолҳои оилавиашон бо аъзоёни оилаи Худоёровҳо бохабар буда, худаш низ нисбати номбурдагон қасд ва ғараз доштааст вохӯрда, ба ӯ ҳолати бо воситаи корд таҳдид намудани Худоёров А.З.-ро гуфтааст. Азимов А.М. аз ин гуфтаҳо ба хашм омада, якҷоя бо Хусейнов З.Н. нақшаи содир намудани куштори Худоёров Алиризо Зубайдуллоевичро маслиҳат кардаанд.
Аз рӯи маслиҳат ва нақшаи тарҳрезишуда Азимов А.М. вазифадор гардидааст, ки ҳамчун ёрдамчӣ барои амалӣ кардани куштори Худоёров А.З. олоти содиркунии ҷиноят, яъне кордро дарёфт карда, Хусейнов З.Н. бошад, ухдадорӣ гирифтааст, ки бевосита куштори Худоёров А.З.-ро амалӣ карда, бо ин роҳ қасди деринаи нисбати оилаи Худоёровҳо доштаашонро амалӣ мекунанд.
Тибқи маслиҳати пешакӣ Азимов А.М. худи ҳамон рӯз тахминан соати 18-00 як адад корди махсуси қадшаванда (финка)-ро дарёфт карда, онро барои содир кардани куштори Худоёров А.З. ба соҳибияти ӯ додааст. Ҳусейнов З.Н. бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани одами дигар кордро бо худ гирифта, тахминан соати 18-30 дақиқа дар роҳи деҳаи Яшм бо Худоёров А.З. вохӯрда, дар заминаи ҷанҷоли оилавӣ ва қасди деринаи доштаашон бо номбурда ба муноқиша бархеста, бо корд ба қисми пеши қафаси синаи Худоёров А.З. аз тарафи чаи, ки узвҳои барои ҳаёт махсусан муҳим ҷойгиранд, як маротиба зарба зада, ба ин қонеъ нашуда, бо мақсади то ба охир амалӣ кардани қасди куштори худ аз замин санг гирифта Худоёров А.З.-ро то назди манзили истиқоматии ҳамдеҳаашон Назриев Ф.Ҳ. думболагирӣ кардааст. Минбаъд бинобар садди роҳ шудани Назриев Ф.Ҳ. номбурда аз ҷойи ҳодиса гурехта, ба манзили истиқоматии Азимов А.А. рафта, худро пинҳон кардааст.
Дар натиҷаи ин кирдорҳои ҷиноятӣ ва бинобар бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, ки боиси хунравии зиёд ва сурох шудани дил гардидааст, Худоёров А.З. 12 июли соли 2021 дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт вафот кардааст.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 Ҳусейнов Зафарҷон Насрудинович, -бо моддаи 104 қисми 2 банди “з” ва Азимов Абдулло Мансурович, бо моддаҳои 36 қисмҳои 4 ва 5-104 қисми 2 банди “з”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба Хусейнов Зафарҷон Насрудинович, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 19 сол, ва ба Азимов Абдулло Мансурович, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 17 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ