Хабарҳо
Суйқасд ба куштор !
Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Давлятова Азиза Турсуновна, бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1 (суйқасд ба куштор) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Давлятова А.Т. аввалҳои соли 2020 огоҳ гардидааст, ки шавҳараш Давлятов Лутфулло Давляталиевич, бо шаҳрванд Мамадҷонова Мадина Амоновна, муносибати наздик пайдо карда, онҳо бо ҳамдигар мунтазам пинҳонӣ вохӯриҳо менамоянд. Тахминан охирҳои моҳи июни соли 2021 Давлятова А.Т. хабардор шудааст, ки шавҳараш бо Мамадҷонова М.А. акди никоҳи мусулмонӣ баста, мақсади аз ӯ ҷудо шуданро дорад. Аз ин ҳолат, вазъи равонии ӯ бад шуда, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум намудани Мамадҷонова М.А. пайдо шудааст.
Давлятова А.Т. 25 августа соли 2021 барои қайди рӯзи бастани ақди никоҳашон хӯроки нисфирузӣ омода карда, тахминан соати 12:05 дақиқа ба воситаи телефони мобилӣ шавҳараш Давлятов Л.Д.-ро ба хона даъват намудааст, вале охирин, ки дар манзили истиқоматии ҳамсари дуюмаш Мамадҷонова М.А., воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум, бинои 89а, хонаи 36 қарор доштааст, даъвати ҳамсараш Давлятова А.Т.-ро рад намудааст.
Бо гумони он, ки шавҳараш Давлятов Л.Д. дар манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. қарор дорад ва аз ҳиссиёти рашк бо автомашинам шахсиаш тамғаи «Бехиз КХ-350», рақами қайди давлатиаш 0009 ЕН/01 ба назди манзили истиқоматии охирин омада, автомашинам хизматии шавҳарашро пайдо кардааст. Тахминан соати 13:40 дақиқа ба шавҳараш занг зада, хабар додааст, ки ӯ аз ҳолати дар хонаи Мамадҷонова М.А. буданаш огоҳ буда, дар назди автомашинааш интизор мебошад. Мамадҷонова М.А. ба назди Давлятова А.Т. омада фаҳмонидааст, ки шавҳараш дар хонаи ӯ қарор надорад. Давлятов Л.Д. аз манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. баромада, ба воситаи автомашинам мусофиркашонӣ ба ҷойи кораш рафта, тахминан соати 14:18 дақиқа ба воситаи телефон ба Давлятова А.Т. хабар додааст, ки дар ҷойи кораш қарор дорад.
Бо мақсади муайян кардани муносибати шавҳараш ва Мамадҷонова М.А. аз охирон хоҳиш кардааст, ки ҷойи кори шавҳараш рафта, оид ба мушкилии дар зиндагониашон ба миёномадаро ҳал намоянд. Мамадчонова М.А. розӣ шуда, дар курсии пеши автомашинам Давлятова А.Т. нишаста, ба ҷойи кори шавҳараш рафта, соати 14:50 дақиқа бо шавҳараш Давлятов Л.Д. вохӯрда хоҳиш кардааст, ки дар дохили автомашина якҷоя бо Мамадҷонова М.А. мушкилии зиндагонии якҷояашонро муҳокима намоянд. Шавҳараш ҳолати бо ҳамроҳии Мамадҷонова М.А. омадани ӯро дида, нороҳат шуда, аз суҳбат саркашӣ карда, аз назди онҳо рафтааст.
Сипас, Давлятова А.Т. бо Мамадҷонова М.А. бо автомашинааш то соати 16:00 дақиқа дар ҳудуди шаҳри Душанбе сайру гашт карда, дар бораи
мушкилиҳои зиндагонии ҳамдигар суҳбат карданд. Давлятова А.Т. аз боварии Мамадҷонова М.А. истифода бурда, бо мақсади амалӣ кардани қасди худ оид ба куштори охирин, автомашинаро ба самти ноҳияи Варзоб ронда, тахминан соати 17:00 дақиқа дар километри 38 шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд аз тарафи рости шоҳроҳро, ки ҷойи беодам мебошад, автомашинаро дар он ҷой боздоштааст.
Давлятова А.Т. аз ҳиссиёти рашк Мамадҷонова М.А.-ро дар дохили автомашина лату кӯб намуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудан, бо гиребони куртаи дар тан доштаи Мамадҷонова М.А. гулӯи охиронро буғӣ карда, муҳлати бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст. Баъди аз ҳуш рафтан ва беҳаракат гаштани Мамадҷонова М.А. аз фаро расидани марги охирон боварӣ ҳосил карда, ба шавҳараш Давлятов Л.Д. ва дигар наздиконаш дар бораи ҳодисаи рухдода хабар додааст.
Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тодикистон аз 28 декабри соли 2021 Давлятова Азиза Турсуновна, бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тодикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои мҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 11 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карда шудааст.
Бо татбиқи моддаи 9 банди 1 Қонуни Ҷумҳурии Тодикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Давлятова Азиза Турсуновна як сол кам карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ