Хабарҳо
Ҷинояткор ҷазои сазовор гирифт !
Болтахонов Рустам Исматуллоевич, ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин, таҷовуз ба номус ва одамкушӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаро дар чунин ҳолатҳо содир намудааст.
Чунончӣ, ӯ 16 августи соли 2021 тахминан соатҳои 12:20 дақиқа дар ҳолати мастӣ, хурдсол Бобокалонова Манзура Музафаровна, 12 ноябри 2012 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Меҳнатии вилояти Хатлон, ки бо дучарха машғули бозӣ будааст, дида бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш ворид намудааст. Пас дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш ба хурдсол Бобокалонова М.М. маблағи 10 сомонӣ ва ҳаргуна маҳсулоти хӯрокаи кудакона дода, дидаю дониста, ки Бобокалонова М.М. ҳоло хурдсол буда, баръало ба синни 14 солагӣ нарасидааст, дар ҳолати оҷизона қарор дорад, бо Бобокалонова М.М. ҳаракатҳои бадахлоқона намудааст. Бинобар сабаби нафси шаҳвониаш қонеъ нашудан ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро тахминан 20-30 дақиқаи дигар давом додааст.
Ғайр аз ин, ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, бинобар сабаби бо роҳи ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта қонеъ карда натавонистани нафси шавҳониаш, дар назди худ мақсади таҷовуз ба номуси хурдсол Бобокалонова М.М-ро гузошта, охиринро дидаву дониста, ки хурдсол буда, баръало ба синни 14 солагӣ нарасида, дарҳолати оҷизӣ қарор дорад, ба тахтапушт хобонда, бо истифодаи зуроварӣ олоти мардиашро ба маҳбали он дароварда, тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ карда, дар натиҷа хурдсол Бобокалонова М.М. аз ҳуш рафтааст. Пас ӯ хурдсол Бобокалонова М.М-ро тариқи ба руяш об пошидан ба ҳуш оварда, баъди аз як чанд дақиқаи дигар ӯ боз бо мақсади маротибаи дигар қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ дар ҳуҷраи истиқоматиаш, дидаву дониста, ки хурдсол Бобокалонова М.М. беҳолу бемадор мебошад бо вай боз як маротибаи дигар тариқи зуроварӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, ба номуси охирин таҷовуз кардааст.
Баъдан, хурдсол Бобокалонова М.М. ба ӯ гуфтааст, ки оиди ин кирдори содиркардаи ӯ ба модараш хабар медиҳад. Болтахонов Р. И. бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва руйпӯш намудани он, аз ҳолати оҷизонаи хурдсол Бобокалонова М.М. истифода бурда, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсол Бобокалонова М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ охиринро ба марг расонида, ҷасади хурдсол Бобокалонова М.М-ро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ доштааст.
Минбаъд, аз торик шудан тахминан соати 21-22 ӯ ҷасади хурдсол Бобокалонова М.М-ро аз ҳавлиаш бароварда, ба дохили ҷуйбори сементии (латок) обгузар, ки дар куча дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлиаш ҷойгир аст партофтааст.
Оиди ҳолати мазкур санаи17 августи соли 2021 аз ҷониби прокурори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, нисбати Болтахонов Рустам Исматуллоевич, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а”-и КҶ ҶумҳурииТоҷикистон првандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтни тафтиши пешакӣ ба суди вилояти Хатлон,ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 ноябри соли 2021 Болтахонов Рустам Исматуллоевич, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 кисми 4 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси талаботи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи маҷмӯъи ҷиноятҳо, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ