Хабарҳо

Ҷинояткорон ниҳоят маҳкум шуданд.

   Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Самиев Исмоил Ҳалимович ва Мурадов Рамазон Нарзуллоевич бо моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «и» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) бо иштироки кормандони Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣоид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.

   Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки онҳо дар давоми солҳои 1996-1998 ба дастаи муташакили Тошев Рамазон, ки дар деҳаи Қушбулоқи колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ҷойгир буд шомил шуда, бо силоҳҳои гуногуни оташфишон мусаллаҳ гардида, ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили бандитизм, роҳзанӣ ва куштори қасдонаро содир намудаанд.

   Аз ҷумла, 14 августа соли 1997 тахминан соати 23-00 дақиқа Самиев И.Д. аз руи маслиҳати пешаки бо ҳамаслаконаш Шукуров М., Салохов И.У., Мурадов Р.Н. ва Ҳайдаров А.М. бо силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» мусаллаҳ шуда, бо автомашинам тамғаи ВАЗ- 21011 таҳти идораи Мурадов Р.Н. ба деҳаи Кирови колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ба хонаи Ашуров Чупонқул ва Ашуров Валиҷон омада, бо таҳдиди куштан аз онҳо маблағи пулӣ талаб намудаанд.

    Минбаъд, модари оилаи Ашуровҳо-Ашурова Нуқра аз дохили хона маблағи 1.200 доллари ИМА ва 700.000 рубли тоҷикӣ мутаносибан баробар ба 1585,60 сомонӣ бароварда ба Самиев И.Д. додааст, вале номбурдагон бо мақсади ошкор нашудани ин кирдорашон куштори қасдонаи фарзандони ин хонадон Ашуров Ч. ва Ашуров В. бо истифода аз силоҳи оташфишон бо бераҳмии махсус содир намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

   Тафтишоти пешакиаз тарафи прокуратураишаҳри Турсунзода ба анҷом расонида шуда, бо ҳукми коллегиям судиоид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 Самиев И.Ҳ ва Мурадов Р.Н. бо моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «н» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо бо дастрасии моддаи 39 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан ҷазои ниҳоӣба муҳлати 15 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии дороинизомаш сахт таъйин карда шуд. 

 

 

      Маркази матбуоти

      Прокуратураи генералӣ