Хабарҳо

Саркаши аз хизмати ҳарби ҷиноят аст.

 Мувофиқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст". Меъёри мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дошта, ин рисолатро сарбаландона ва бо ҳисси ватандӯстӣ адо карда, дар ҳимояи марзу буми кишвар аз мудохилаҳои дохилию берунӣ саҳми назаррас гузоштан боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯст мебошад.

   Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият марзу буми Ватани маҳбубамон маҳз ба дӯши фарзандони бонангу номуси ватандӯст гузошта шудааст. Ҳар як фарди бонангу номус аз ин вазифаи пурмасъул ифтихор намуда, бояд ҳеҷ гоҳ зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, худшиносу худогоҳ бошад. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи муқаддас дӯст доштани Ватану миллат ва ҳар зарра хоки Тоҷикистони азизро ҷавонон-хизматчиёни ҳарбӣ бояд сармашқи кори хеш гардонанд.

Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки "Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта мебошад. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад".

   Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ухдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ду маротиба маъракаи даъвати шаҳрвандони синну солашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ гузаронида шуда, ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.

   Имрӯзҳо маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ идома дошта, аксарияти ҷавонони кишвар ихтиёрӣ ба комисариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои адои иҷрои ин вазифаи муқаддас ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ сафарбар шуда истодаанд.

  Мутаассифона, имрӯз нафароне низ ҳастанд, ки арзишҳои миллиро сарфи назар карда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу ватан иҷро наменамоянд, ки ин кирдори онҳо оқибати ҳуқуқиро ба миён меорад.

   Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус модда барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (м. 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар шудааст, ки мувофиқи он барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси ӯхдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намӯдан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Ammo новобаста аз ин баъзе шаҳрвандони синни даъватй аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣнамуда, пинҳон мешаванд ё бо ин мақсад ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

   Тибқи маълумоти комиссариатҳои ҳарбӣ дар давраи даъвати баҳории соли 2021 дар ҷумҳурӣ 2427 нафар даъватшавандагоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ба қайд гирифта шуда, бо роҳҳои фаҳмондадиҳии талаботҳои қонунҳои амалкунанда дар мавриди даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ сафарбар карда шуданд. Вале ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки даъватшавандагон аз комиссияҳои тиббӣ ва даъватӣ гузаронида шуда, барон сафарбар намудани онҳо ба маҳалли хизмат ба онҳо даъватнома дода мешавад, аммо ин даъватшавандагон дар вақти муайяншуда ба комиссариатҳои ҳарбй ҳозир нашуда, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд ва бо ин кирдорашон ҷиноят содир мекунанд.

    Дар ин давра аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати 50 нафар шаҳрвандоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор гирифтааст.

Масалан, шаҳрванд Турдибоев П. А. 18 марта соли 2021 аз комиссияи даъватии ноҳияи Мастчоҳ гузашта, барои адои хизмати ҳарбӣ муносиб дониста шуда, барои санаи 01 апрели соли 2021 ҳозир шудан ба комиссариата ҳарбии ноҳия ба ӯ даъватнома дода шудааст. Аммо номбурда бо мақсади саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бе асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод шудан дар вақти муайяншуда ҳозир нашудааст. Нисбати Турдибоев П.А. бо моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суд нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.

   Ба ҳамин монанд нисбати истиқоматкунандагони шаҳри Истаравшан Ҷураев И. Ю., Холиқов С. А., ноҳияи Деваштич Ҳакимзода Б. Ҳ. ва дигарон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Қисми 2-юми моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати алтернативӣ ва қисми 3-и ин модда саркаширо аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳҳои ба худ расонидани зарар ба саломатӣ, бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар муқаррар кардааст.

   Дар ин ҷо як нуқтаи муҳимро бояд зикр намуд, ки мувофиқи эзоҳи моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон агар даъватшаванда то ба суд супоридани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Бо боварии том метавон гуфт, ки ҷавонони ватандӯсти кишварамон бо дарки масъулияти баланд ин қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, сипари боэътимоди халқу Ватан будани худро исбот менамоянд.

   Имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии далеру шуҷои Ватан дар ҳифзи марзу буми кишвари азизамон буда, баҳри оромию осудаҳолии мардум шабу рӯз заҳмат мекашанд ва бо эътимоди комил метавон гуфт, ки наврасон ва ҷавонон дар оянда низ ин иқдомро идома хоҳанд дод.   

 

      Маркази матбуоти

      Прокуратураи генералӣ