Хабарҳо
Диловар Ҷураев озод шуд
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Диловар Бобомахкамович, 23.05.1969 соли таваллудаш, ки 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд, бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабс озод карда шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур миннатдории роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Прокуратураи генералии Федератсияи Россия барои ҳамкории судманд расонида шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ