Хабарҳо

САРҲАД

 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Диловар Бобомахкамович, 23.05.1969 соли таваллудаш, барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир карда шуд.

  Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ моноида шуда, шаҳрванд Ҷураев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад.

  Ғайр аз ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон дархост ирсол карда шуда, хоҳиш карда шудааст, ки ба таҷрибаи огоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.

Масъалаи мазкур таҳти назорати роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ