Хабарҳо
Ҳодисаҳои марги зуроварии шаҳрвандон дар хориҷа дар зери назорати доимии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
15 декабри соли 2019 аз Федератсияи Русия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Норак вилояти Хатлон Довудов Гулаҳмад Тағойевич, 17 июли 1963 соли таваллудаш бо аломатҳои марги маҷбурй ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба март расонидани Довудов Г.Т. ва сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархост ирсол карда шуд.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 1 моддаи 105 (куштор) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Брежнева Л.В. боздошт шудааст.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Брежнева Л.В. дар натиҷаи муноқишаи ба вуҷудомада, дидаю дониста бо корд ба шиками Довудов Г.Т. чор зарба задааст, ки охирон зарари ҷиддӣ ба саломатй бардошта, вафот кардааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Звенигород вилояти Москва аз 13 апрели соли 2021 Брежнева Л.В. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 8 солу 6 моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш умумӣ маҳкум карда шудааст.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ