Хабарҳо
Ҳодисаҳои марги зуроварии шаҳрвандон дар хориҷа дар зери назорати доимии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
17 сентябри соли 2019 аз Федератсияи Русия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Б.Ғафуров вилояти Суғд Каримов Эркинҷон Абдураҳимович, 07 феврали 1970 соли таваллудаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба март расонидани Каримов Э.А. ва сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархост ирсол карда шуд.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ходиса бо дастрасии қисми 3 б. «а» моддаи 111 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва қисми 2 б. «в» моддаи 112 (касдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шудааст. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Канназаров Ш.Т. боздошт шудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Симоновский шаҳри Москва аз 08 апрели соли 2021 Канназаров Ш.Т. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ