Хабарҳо

Суистифода аз ваколатҳои мансаби !

  Капитан Шодиев Ҷумабой Мутавалиевич, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори дидбонгоҳи сарҳади 3-юми «Айвоҷ» хизмат намуда, дар ҷиноятҳои ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва гирифтани пораро дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.

 ЧуЧунончӣ, ӯ, моҳи январи соли 2021 бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Сахӣ ва шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев Сайфиддин Тилавови аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ тариқи қочоқ гузаронидани (сигорет) маслиҳати пешакӣ намудаанд.

  Баҳри амали намудани қасди ҷинояткоронаашон Сахӣ уҳдадорӣ ба зима мегирад, ки то минтақаи дидбонгоҳи номбаршуда 15 адад қуттиҳои тамокуи навъи «ESSECHENGE»-po, ки дар дохилашон 7500 адад қуттиҳои майдаи чунин навъи тамоку ҷойгир мебошад, интиқол медиҳад.

  Солиев С.Т. бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ аз созиши ҷиноятии Сахй шиноси худ шаҳрванд Мирзоев Шералӣ Саъдуллоевич, ки номбурда қаблан дар чарогоҳи ноҳияи Шаҳритус ба чаронидани чорво машгул буда, минтақаи мазкурро ба пуррагй медонист хабардор намуда, номбурдаро барои ба ноҳияи Шаҳритус рафта, ба шахсони масъули дидбонгоҳи сарҳадӣ маслиҳат намудан мефиристад.

  Шаби 4 ба 5 марти соли 2021 Сахй ҳамроҳи ҳаммаслаконаш сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути дарёи Аму гузашта, бо худ 15 адад қуттиҳои тамокуи навъи «ESSECHENGE»-poто минтақаи сарҳадӣ интиқол дода, дар ин бора тариқи телефон ба шаҳрванд Солиев С. Т. хабар медиҳад.

  Субҳи 5 марта соли 2021 тахминан соатҳои 8 ба 9 капитан Шодиев Ҷ. М. шаҳрвандон Солиев С. Т. ва Мирзоев Ш. С.-ро бо автомашинаи тамгаи «Опел- Астра» рақами қайди давлатиаш 5487 AT07 ба ҳудуди минтақаи сарҳадии дидбонгоҳи сарҳадии №3 «Айвоҷ» дохил намуда, ҳамроҳи номбурдагон аз назди соҳили дарёи Аму 15 қуттиҳои дохилашон 7500 қуттиҳои майдаи тамокуи навъи «ESSECHENGE»-poгирифта, дар автомашина бор карда, барои аз минтақаи сарҳадӣ баровардани Солиев С.Т. ва Мирзоев Ш. С.-ро берун аз хати муҳандисии сарҳади давлатӣ роҳбаладӣ намудааст.

   Худи ҳамон рӯз тахминан соати 9:40 дақиқиқа дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврй-тафтишотӣ аз дохили автомашинаи зикршуда 15 адад қуттиҳои дохилашон 7500 қуттиҳои майдаи тамокуи навъи «ESSECHENGE» дарёфт гардид. Ҳамчунин, зимни азназаргузаронии ҳуҷраи корни капитан Шодиев Ч.М. аз кисаи роста камзули либоси низомии номбурда 400 доллари ИМА ва 570 сомонӣ ҳамчунин далели шайъи ёфта гирифта шудааст.

  Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Шодиев Ҷ.М. бо моддаҳои 319 қисми 2, (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк, ё фоидаи дорой характери молу мулкӣ дошта) 36-қисми 5, (Ташкилкунанда, таҳриркунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят эътироф мешавад) 335 қисми 2 (Ғайриқонуниӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Чумҳурии Тоҷикистон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Солиев С.Т. ва Мрзоев Ш.С. бо моддаҳои 36 қисми 5-335 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешаки ба суд фиристонида шудааст.

  Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хатлон, аз 7 майи соли 2021 Шодиев Ҷ.М., Солиев С.Т. ва Мрзоев Ш.С. бо моддаҳои мазкур гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 5 соли ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ