Хабарҳо
Ҳодисаҳои марги зуроварии шаҳрвандон дар хориҷа дар зери назорати доимии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
28 августи соли 2019 аз Федератсияи Руссия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ёвон вилояти Хатлон Норматова Гулбаҳор Джалиловна, 11 феврали 1974 соли таваллудаш, бо аломатҳои марги маҷбурй ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба март расонидани Норматова Г.Д. ва сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон Прокуратураи генералии Федератсияи Руссия дархост ирсол карда шуд.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 1 моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Руссия (куштор), парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шудааст. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Бобояров Х.А. боздошт шудааст.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Бобояров Х.А. дар натиҷаи муноқишаи ба вуҷудомада, дидаю дониста бо корд ба шиками Норматова Г.Д. чор зарба задааст, ки охирон зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, вафот кардааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Мытищи вилояти Москва аз 18 декабри соли 2020 Бобояров Х.А. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба мухдати 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.
Маркази матбуотии Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон