Хабарҳо
Хабари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 апрели соли 2021 тахминан соати 11 як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рубарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и “Хоҷаи аъло”-и қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи пости “Головной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.
Аз ягон масъала пурсон нашуда, шахсони болозикр бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шуд, мубаддал гашт.
Барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо новобаста аз мақоми расмиашон аз силоҳи автоматикии оташфишон бо мақсади нест кардани ҷисмонӣ оташ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи мазкур, Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳолии маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
Ба кардаашон қаноат накарда, шахсони болозикр бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд.
Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи мазкур якчанд нафар кушта, даҳҳо ярадор ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ, дигар иншоот ва объектҳои инфрасохтор сўзонида шуд. Ба шаҳрвандон ва давлат зиёни махсусан калони моддӣ расонида шуд.
Истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.
Аз ҷониби давлат фиристодани даста ё гуруҳи мусаллаҳ, ки амалҳои истифодаи қувваҳои мусаллаҳро бар зидди давлати дигар иҷро менамоянд ва хусусияти ҷиддӣ доранд, ҳамчунин ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.
Бинобар ин, 29 апрели соли 2021 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Айни замон гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон