Хабарҳо

Оқибати бадмастӣ

 Прокуратураи шаҳри Душанбе тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории  Набиджанов Азамат Каримджанович бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  (кӯштор) баъди  ба анҷом расонидан, ба суд ирсол намуд.

 Набиджанов А.К.  аввали соли 2019 аз “Зоомагазин”-и шаҳри Душанбе, барои худ саг  бо гузоштани номи “Ҷесика” харидорӣ намуда, бо сабаби танҳо зиндагонӣ карданаш, мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол намуда, вақти зиёди худро бо ин саг мегузаронидааст.

 19 июли соли 2019 Набиджанов А.К. дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ сагаш “Ҷесика”-ро аз занҷирааш кушода, ҳамроҳаш дар кӯчаи А. Навоӣ №7/3, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гаштугузор менамуд. Мақсудов Ҳикматулло Фарҳодович, ки на дуртар аз ӯ қарор дошт дар ҳолати мастӣ ба сӯи сагаш санг партофта, бо забони русӣ саги ӯро дашном кардааст.

 Набиджанов А.К., аз ин рафтори Мақсудов Ҳ.Ф. дар ғазаб омада, бо мақсади куштор занҷири дар дасташ печонидаро мушт карда, якчанд маротиба ба сару рӯйи Мақсудов Х.Ф.  зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мерасонад, ки дар натиҷа Мақсудов Ҳ.Ф. аз ин ҷароҳатҳои  ҷисмонии бардошта ба ҳалокат мерасад.

 Бо ҳукми суди ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе аз 09 феврали соли 2021  Набиджанов А.К. бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор ва маҳкум карда шудааст. 

 

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон