Хабарҳо

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ

   Санаи 2 марта соли 2021 тариқи Расонаҳои хабарии байналмилалии “Радиои Озодӣ” гузориш вобаста ба садамаи нақлиётии рухдодаи 7 августа соли 2020-ум пахш гардида буд.

 Баҳри воқеъбинона инъикос намудани ҳолати кор ба иттилои масъулини “ Радиои Озодӣ” росонида мешавад, ки дар ҳақиқат 7 августа соли 2020 соати 04:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Таёта Ленд крузер 200” ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Л.Шералӣ ба самти кӯчаи С.Носирии шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, дар хиёбони Рӯдакӣ ба қисми қафои автомашинаи тамгаи “Камаз- 65115”, рақами қайди давлатияш 553 ХЕ01 бархурда, дар натиҷа шаҳрванд Баҳроми Ғ. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Анварзода И. ва Забиров Б.С. бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи ҷумҳуриявии Маркази милии тиббии “Шифобахш” бистарӣ карда мешаванд.

  Оид ба ҳолати мазкур 10 августа соли 2020 бо қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи он тафтиши пешакӣ гузаронида шудааст.

  Ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода И., дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст.