Хабарҳо

АЪЗОЁНИ ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲИ ҶИНОЯТКОР МАҲКУМ ГАРДИДАНД

   Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “а”, 181 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 186 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, баром моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.

 Тафтишоти пешакӣ марбут ба парвандаи ҷиноятии мазкур мусаллам сохт, ки айбдоршавандагон Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. соли 1996 ба гурӯҳи мусаллаҳи устувори Раҳимов Абдулло бо лақаби “Мулло Абдулло”, ки дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо мақсади ғаразнок ва ниятҳои нопок, ки аз ҳуҷум ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо зоҳир мегардад шомил гардида, то соли 2001 дар ин гурӯҳ ҷиноятҳои вазинину махсусан вазнинро содир намудаанд.

  Моҳи майи соли 1999 шаҳрванд Наҷмуддинова С.С. аз ҳиссиёти рашк, ба назди Раҳимов Абдулло, ки он ҷо аъзоёни фаъоли гурӯҳи мусаллаҳи устувори мазкур Нозиршоев М.А., Зумрадов Р.М., Нақибов З.У. Бободжанов Ф.И бо лақаби “Файзи чӯлоқ” ва дигарон фаъолият доштанд омада, нисбати муносибатҳои маҳрамонаи шавҳараш Ғаниев М.А. бо сокини деҳаи Ҳасандараи ҳамин ноҳия Саъдуллоева Ш. А. муроҷиат намудааст.

  Минбаъд, Бободжанов Ф.И. дар шарикӣ бо Латипов А.А. ва дигар аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳи устувор Ғаниев М.А.-ро ба сифати гаравгон ғасб ва дастгир намуда, муддати зиёда аз 15 рӯз дар қароргоҳи муваққатиашон, воқеъ дар деҳаи Лайрони ноҳияи Нуробод ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, мунтазам мавриди лату кӯб ва азобу шиканҷа қарор дода, бо мақсади ғаразнок аз падари Ғаниев М.А. - Ғаниев Абдурасо ҳамчун шарти озод кардани гаравгон маблағҳои калони пулӣ ва молу амвол талаб намудааст.

   Латипов А.А. тахминан соли 2002 бо мақсади аз ҷавобагарии ҷиноятӣ дур шудан ба Федератсияи Россия фирор намуда, то моҳи октябри соли 2010, яъне то барҳам хурдани гурӯҳи мазкур ва безарар гардонида шудани Раҳимов А. интизори фармонҳои охирон ва дигар аъзоёни гурӯҳ шудааст.

  Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2021 судшавандаҳо Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “а”, 181 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 186 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 19 солӣ бо адо намудани ҷазо дар колониям ислоҳии дорой низоми сахт таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ