Хабарҳо

Муноқишаи оилави боиси марги ҳамсар гардид.

 Юсупов Абдуазимҷон Абдулазизович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Кӯшониён, 13 июли соли 2020 тахминан соати 01:00 дақиқаи шаб бинобар муноқишаи оилавӣ аз ҷои зисташ деҳаи Куйбишеви ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён як адад корди хоҷагиро гирифта, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсараш Миниқулова Ф.С. ба манзили истиқоматии падари номбурда воқеъ дар суроғаи деҳаи С.Айнӣ, ҷамоати шахраки Бохтариён омада, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии онҳо гашта, бо роҳи зӯроварӣ ва тахдид дар пешдолони хона ду маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими Миниқулова Ф.С. зада, баъдан бо ҳамон корд қасди худкушӣ кардааст. Аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта Миниқулова Ф.С. ба ҳалокат расидааст.

  Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён 13 июли соли 2020 нисбати Юсупов А.А. бо моддаҳои 104 қисми 2 , бандҳои “в”, “к” ва 147 қисми 1-и КҶ-и Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯшониён аз 16 октябри соли 2020 Юсупов А.А. дар содир намудани ҷиноятҳо бо моддаҳои 104 қисми 2 , бандҳои “в”, “к”, ва 147 қисми 1-и КҶ-и Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум намудан бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр ҷазо таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ