Хабарҳо

Барой муомилоти ғайриқонуни бо асъори хориҷи дар қонун ҷавобгари пешбинй шудааст

 Амирбеков Наби Сафарович истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, 2-сентябри соли 2020 дар мағозаи хусусиаш, воқеъ дар деҳаи Зумудги ноҳия, тахминан соати 12:15 дақиқа молу маҳсулоти дар мағозааш гузошташударо Vтлйриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба фурӯш гузоштааст, ки ин ҳолат ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия ҳангоми хариду фурӯш бо асъори хориҷй ошкор карда шуд.

  Прокуратураи ноҳияи Ишкошим нисбати Амирбеков Н.С. бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Ишкошим ирсол намуд.

  Бо қарори суди ноҳияи Ишкошим аз 21 сентябри соли 2020 сол нисбати Амирбеков Н.С. ҷарима таъин карда шуд.

  Ё ин, ки Мамадсаидов Аминбек Авазбекович, истиқоматкунандаи деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, 4-сентябри соли 2020 дар мағозаи хусусиаш, воқеъ дар деҳаи Гармчашма бо асъори хориҷӣ муомилоти ғайриқонунӣ намудааст, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия ҳолати муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ошкор карда шуд.

  Прокуратураи ноҳияи Ишкошим нисбати Мамадсаидов А.А. бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Ишкошим ирсол намуд.

Бо қарори суди ноҳияи Ишкошим аз 21 сентябри соли 2020 сол нисбати Мамадсаидов А. ҷарима таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ