Хабарҳо

Одамкушӣ бо бераҳмии махсус

 Саидов Али Маҳмадризоевич 4 июни соли 2020 дар манзили иҷоравиашон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар, бо ҳамсараш Исматова Р.Ғ., муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ бо мақсади ба қатл расонидан бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ҳамсараш 13 маротиба зарбаҳои пайдарпайи марговар задааст, ки охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 Прокуратураи ноҳияи Рудакӣ 4 июни соли 2020 нисбати Саидов А.М. бо моддаи 104 исми 2 банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба Суди Олӣ ирсол намуд.

 Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз15 декабри соли 2020 Саидов А.М. бо моддаи 104 исми 2 банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 24 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ