Хабарҳо

Оқибати ифротгарои

 Шаҳрванд “ААА” соли 2015 ба воситаи шабакаи интернетии “Ютуб” аз мақсаду маром ва ғоияҳои ТЭТ “ Давлати исломӣ” бохабар шуда, минбаъд бо мақсади таблиғу ташвиқи ғояҳои ТЭТ “ДИ” дар саҳифаҳои интернетии “Зелло”, “Телеграм” ва “Имо” худашро бо номи “Ҷулайбӣ” ба қайд гузоштааст. Сипас, “ААА” бо мақсади тарғиб ва ташвиқ намудани марому мақсадҳои ташкилотҳои экстремиста бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгарой) машғул шуда, экстремизм ва фаъолияти экстремистиро ҷонибдорӣ(сафед) ва паҳн намуда, дидаву дониста қасдан бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба паҳн намудани маводҳои динни хусусияти экстремисти дошта ва ташвиқу тарғиби ғояҳои ташкилоти “Давлати исломӣ” машғул шудааст.

 Шаҳрванд “ААА” баҳри ноил гаштан ба мақсадҳои худ “Расму наворҳои силоҳбадастони ТЭТ ДИ”, “Акси роҳбари ТЭТ ДИ Абубакр-ал-Бағдодӣ”, “Акси парчами сиёҳ, бо навиштаҷоти “Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммаду-р- Расулуллоҳ”, ки ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” мансубият дорад, “Маҷалаи наб”, “Маҷалаи ҳарҳафтаинаи ташкилоти террористии Давлати исломӣ” (ИГИЛ), ки аз соли 2015 нашр шуда, дар он хабарҳои гуногуни ТЭТ “ДИ” аз қабили “Таркишҳо”, “Қатлу куштор” ва дигар амалҳои террористие, ки аз ҷониби аъзоёни “ДИ” анҷом дода мешаванд, хабарҳои дигар аз он ҷумла “Муҳорибаҳо, амалҳои террористии аъзоёни Давлати исломӣ дар Хуросон, Шом, Тунис, Яман, Покистан, Сомалӣ, Ғарби Африко, Шарқи Осиё” ҳамчунин, навиштаҷотҳои “Ҷиҳод то қиёми қиёмат идома дорад, ки имому халифа вуҷуд дошда бошад ё вуҷуд надошта бошад, хилофату имоматро барои кофир супорида намешавад”, “Тафриқа ва ихтилофҳоро канор гузошта даъват медиҳам ба сӯи якпорчагӣ, иттиҳодӣ ва барои барпо намудани хилофати исломӣ фарз киоя аст барои тамоми мусалмонон”, китоб аз “Китобхонаи Химматӣ давлати исломӣ” ва ғайраҳоро тариқи шабакаи интернетии худ ба шумораи номахдуди одамон то санаи 24 апрели соли 2020 паҳн ва таблиғу ташвиқ намудааст.

  Бо ҳукми суди нох,ияи Рашт аз 16 июли соли 2020 судшаванда “ААА” бо моддаи 3071 қисми 2 -и КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ин кисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхдати 5 сол бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ