Хабарҳо

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:

 11 августи соли 2020, тахминан соати 5 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Худоёрзода Худоёр, соли таваллудаш 1958 дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23 бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст.

 Ҳамсари Худоёрзода Х. - Қаландарова А., писараш Худоёров Некрӯз, духтараш Худоёрова Зайнура, келинаш Суфишоева Гулнисо ва дигар аъзои оилаи у, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба у кумаки аввалиндараҷа расониданд.

  Айни ҳол, Худоёрзода Х. дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмаии тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот  идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ