Хабарҳо

Одамкушӣ

  Воҳидов Меҳробиддин Абдураҳмонович, санаи таваллудаш 06 ноябри соли 2002 дар суроғаи шаҳри  Ҳисор, Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, кӯчаи А.Сино 4 бо падарандараш Атоев Асатулло Сатторович, модараш Воҳидова Мусалам Ҳамидовна ва бародарони хурдсоли угайяш Атоев Юсуф Асатуллоевич ва Атоев Ёсинҷон Асатуллоевич муваққатан истиқомат намудааст. Дар давоми зиндагии якҷоя модараш Воҳидова М.Ҳ. нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолаш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро  нисбат ба ӯ бештар  дустдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов М.А.-ро ба худ пайдо кардааст.

   12 декабри соли 2019 ноболиғ Воҳидов М.А. дар маҳали зисташ воқеъ дар шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Хонақои куҳӣ, деҳаи Арбобӣ дар заминаи рашку хусумат модараш Воҳидова М.Х. ва бародарони хурдсоли угайяш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро ба қатл расонида, барои нест кардани изҳои ҷиноят манзили истиқоматӣ ва ҷасадҳоро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

   Аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати ноболиғ Воҳидов М.А.  бо аломатҳои моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “е” ва 255 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

   Бо ҳукми  коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2020 ноболиғ Воҳидов М.А. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “е” ва 255 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои баландтарин-ба муҳлати 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ  маҳкум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ