Хабарҳо

Қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бояд риоя карда шаванд

 Ронандаи ҶСК "Автоколоннаи 2927" Ҳусейнов Фахриддин Муродалиевич бо воситаи нақлиёти мусофиркаши ба иҷора гирифтаи тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер" аломатҳои қайди давлатиаш 3885 ТТ 05 ба содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задааст, ки моҳияти он аз ҷойи нишасти муҷаҳҳазшуда ё меъёри пешбинишуда зиёд ҷойгир намудани мусофирон дар мошинҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, иборат мебошад.

 Чунончи, номбурда 26 майи соли 2020 ҳангоми ҳаракат дар хатсайри №8 аз 21 ҷойи нишасти муҷаҳҳазшудаи воситаинақлиёташ 10 нафар мусофиронро зиёдатӣ савор намудааст, ки ин боиси норозигии мусофирони дигари дохили воситаи нақлиёташ гардидааст.

  Нисбати Ҳусейнов Фахриддин Муродалиевич бо моддаи 320 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, номбурда аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ