Хабарҳо

ОҚИБАТИ ҶОНИБДОРИ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

  Моҳи июли соли 2012 Юсупов Бахтиёр Юнусович дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо даъвати шаҳрванди Ҷумхурии Узбекистан «Алӣ» ном шахс сабту наворҳои интернетиро оиди иштироки гурӯҳи террористии «Толибон» дар ҷангҳо ба муқобили ҳокимияти қонунии Ҷумҳурии исломии Афғонистон тамошо карда, онро маъқул дониста, бо ҳамроҳии ҳамсару ду фарзанди ноболиғаш тавассути шаҳрҳои Истамбули давлати Туркия, Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба вилояти Вазиристони Ҷумҳурии исломии Покистон сафар менамояд.

Он ҷо бо даъвати аъзоёни фаъоли ташкилоти «Ҳизби исломии Туркистон» бо «Асад ва Ҳамидулло» ном шахсон, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, манъ гаштааст, вохӯрда оиди ташкилоти ҷиноятии мазкур, ки мақсадаш бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барпо намудани Хилофати ягонаи исломӣ мебошад, маълумот пайдо намуд.

  Худи ҳамон вақт даъвати номбурдагонро оиди шомилшавӣ ба ин ташкилоти ҷиноятӣ пазируфта, дар як вақт тасдиқи шомилшавӣ ба мактаби тайёрии ҳарбӣ дохил гашта, муддати 21 шабонарӯз таълимоти ҳарбӣ гирифта, то моҳи апрели соли 2014 дар он иштирок ва амал намудааст.

  Дар амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили Ҳукумати қонунии Ҷумхурии исломии Афғонистон тайёрӣ дида, сипас аз ҷониби сарварони ин иттиҳод дастур гирифта, бо иттиҳоди ҷиноятии «Толибон» якҷоя гашта, ғайриқонунӣ муқобили ҳокимияти ин давлат ҷангида, аз тарафи кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дастгир гардида, аз ҷониби суд маҳкум карда шудааст.

  Минбаъд Юсупов Б.Ю. давоми моҳи июни соли 2018 аз адои ҷазо озод шуда бошад ҳам, аммо худихтиёрона ба мақомоти дахлдорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон муроҷиат накарда, ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди Ҷумхурии исломии Афғонистон идома дода, аз ҷониби кормандони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир карда шудааст.

  Роҳбари Ситоди ягонаи ҷумҳуриявии Прокуратураи генералӣ нисбати Юсупов Б.Ю. бо моддаҳои 3073 қисми 2 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онро ба прокуратураи шаҳри Исфара фиристонида, бо анҷоми тафтишот парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Исфара Юсупов Б.Ю. гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхдати 16 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ