Хабарҳо

Риояи қонуни танзим ҳатмист

  Шаҳрванд Очилдиева Мавзуна Собировна, сокини шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Даҳбед, бархилофи талаботи моддаи 9 кисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи он гузаронидани хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон мукаррар намудааст, амал карда, 3 июли соли 2019 дар ҳавлии манзили истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон ва иштироки зиёда аз 50 нафар хатнастуи писараш Муродов Шукруллоро бо додани таом аз соати 19 30 то 21 00 гузаронидааст.

  19 июли соли 2019 нисбати Очилдиева М.С. аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода, бо моддаи 481 кисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳр ирсол карда шуд.

  Бо қарори суди шаҳр аз 13 августа соли 2019 шаҳрванд Очилдиева М.С. барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба андозаи 100 нишондиҳанда дарима барои ҳисобҳо баробар ба 5500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо мукаррар карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ