Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Оқибати ба гуруҳҳои террориста ҳамроҳ шудан

 Сатимов Шӯҳратҷон Дилмуродович,санаи таваллудаш 17.12.1988 сол, зода ва сокини ноҳияи Спитамен ҷамоати деҳоти Истиқлол аввалҳои моҳи октябри соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия рафта, дар он ҷо бо даъвати шахсони номаълум ба гурӯҳи ифротгаро шомил шуда, бо мақсади ғайриқонунӣ иштирок кардан дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо тайёрӣ дида, охири моҳи марта соли 2015 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба назди Эрматов Муродҷон Муминдонович рафта, хоҳиши иштирок кардан дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷиро намуд.

  Минбаъд баҳри кавӣ гардонидани андешаҳои ифротгаронаи худ ва дар амал татбиқ кардани он, ӯ бо ҳамроҳии Эрматов М.М. ба Ҷумҳурии Сурия ва Ироқ барои гирифтани таълимоти ҳарбӣ сафарбар карда, дар ҳудуди ин давлатҳо дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии "Давлати исломӣ" дар ҷангҳои таҷовузкорона иштирок намуда, бо мақсади барпо кардани "Ҷиҳод" амалҳои террористиро идома дода, ба муқобили ҳукумати қонуттии давлатҳои Ироқ ва Арабии Сурия дар ҷангҳои мусаллаҳона иштирок варзидааст.

  08.07.2015 сол аз тарафи прокуратураи ноҳияи Спитамен нисбати Сатимов Ш.Д. бо моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати номбурда кофтуков эълон гардид, ки санаи 29.07.2019 сол Сатимов Ш.А. дастгир карда шуда, пас аз ба итмом расидани пешбурди тафтиши пешакӣ ва тасдиқ кардани фикри айбдоркунӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур санаи 24.08.2019 сол барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шуд.

   Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 20.09.2019 сол Сатимов Ш.Д. дар содир намудани ҷинояти мазкур гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди махрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 сол бо адо намудани он дар колонияӣ ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ