Маҷалла

Хабарҳо

Нозири тамаъҷӯ

 18 апрели соли 2019 мутахассиси пешбари Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Панҷакент Қурбонов Муҳаммадҷон Абдукаҳҳорович бо мақсади ғаразу тамаъҷӯӣ ва тахдиди гузаронидани санҷиши камералӣ ба мағозаи хӯроквории "Арзон" воқеъ дар ҳиёбони Рӯдакӣ, назди бозори марказии шаҳри мазкур рафта, бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, инчунин ба ҷавобгарӣ накашидан, аз роҳбари мағоза-соҳибкор Яҳёев Ю.М. 6000 сомонӣ маблағи пулӣ талаб карда, гирифтааст. Бо ин кирдорҳои ғайриқонунии худ Қурбонов М.А. ба ҷабрдида Яҳёев Ю.М. зарари моддӣ расонидааст.

  Аз рӯи ин ҳодиса 23 апрели соли 2019 аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати мутахассиси пешбари Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Панҷакент Қурбонов М.А. бо моддаи 247 кисми 2 бандҳои "а", "г" Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми суди ш.Панҷакент аз 17 июни соли равон Қурбонов М.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "а", "г" (барои қаллобӣ) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди дарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 22000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва масъулияти молиявӣ дошта дар корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли фаъолияташон ба мӯҳлати 2 сол таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ