Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

АЗОНИХУДКУНИИ АМВОЛИ ҒАЙР БО РОҲИ ИЗОФАНАВИСӢ

 Қаҳоров Рашид Соҳибович ҳамчун директори Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Ирам-2014» фаъолият намуда, шахси масъул ба ҳисоб рафта, дар давоми соли 2017 маблағҳои хизматрасонии обро аз истифодабарандагон - хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Патар ва Ғ.Ортиқови шаҳри Конибодом ба маблағи 138139,79 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, ба хазинаи Идораи давлатии бехдошти замин ва обёрии шаҳр ворид накарда, азонихуд намуда, ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст.

  Ба ғайр аз ин Қаҳоров Р.С. бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби ҶДММ «Насим» Маматов Ғуфрон Бобохонович дар асоси шартнома ҷиҳати бунёди иншооти обтозакунии канали калони «Фарғона» маблағи 170 ҳазор сомониро гирифта, бо роҳи зиёд нишон до дани арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ва изофанависӣ ҳаҷми корҳои иҷрошударо 145,40 сомонӣ нишон дода, дар асл ба маблағи 89,698 сомонӣ корҳоро ба сомон расонида, 80,302 сомониро азонихуд намудаанд.

Прокурори шаҳри Конибодом аз рӯи ин ҳолат нисбати Қаҳоров Р.С. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а», 245 қисми 4 банди «б» ва нисбати Маматов Ғ.Б. бо моддаи 245 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст, ки дар рафти пешбурди тафтишоти пешакӣ заррари расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ гардида, парвандаи ҷиноятӣ ба суд фиристонида шудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Конибодом Қаҳоров Р.С. ва Маматов Ғ.Б. гунаҳгор дониста, ба онҳо ҷазо дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати 1 сол таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ