Хабарҳо

АЗОНИХУДКУНИИ МАБЛАҒИ БУҶЕТ ДАР МУАССИСАИ ВАРЗИШӢ

 Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Шарипов В.Д. бо директоры Муассисаи давлатии варзишии шаҳр Саидов З.Т ва муовини ӯ Каримҷонов Р.Р. бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ ва мақсади ғараз бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бораи ба мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ба шаҳри Киев (Украина) ва шаҳри Красноярск (Россия) фиристодани варзишгарон Алӣ Шарипов (бародараш) ва Олимдон Назиров бо маълумоти бардурӯғ фармоишҳо ба тавсиб расонида, маблағҳои аз буҷаи давлат ҷудогардидаро тасарруф намудаанд.

  Дар маҷмӯъ дар натиҷаи ин амалҳои ҷиноии Шарипов В.Д., Саидов З.Т. ва Каримҷонов Р.Р. аз буҷети давлат бамикдори умумии 30 522,29 сомонӣ ғайриқонунӣ маблағи пулӣ ҷудо гардида, аз ҷониби номбурдагон бо роҳи азонихудкунӣ ё исрофкорӣ тасарруф шуда, ба будет зарари моддӣ расонида шудааст.

  Прокуратураи вилояти Суғд нисбати Шарипов В.Д., Саидов З.Т. ва Каримҷонов Р.Р. аз рӯи моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои "а,б,г" ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

  Ба ҳукми суди шаҳри Конибодом номбурдагон дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста, ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби роҳбарикунанда дар муассисаҳои варзишӣ ба мӯҳлати яксол таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ