Хабарҳо

"Героин" дар меъда

 Бобоев Сафармаҳмад Ҳофизович моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия қарордошта, ба Охунзода Нуриддин Охун бобати бороҳи кочоқ, яъне аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд пинҳонӣ интиқол додани воситаҳои нашъадорро аз назорати гумрукии сарҳади гумрукии Ҷумхурии Тоҷикистон башаҳри Новосибирск дастрас намудан ва барои иҷрои чунин кирдор Бобоев С.Ҳ. ба Охунзода Н.О. пардохти 40 000 рубли Бонки Россия маслиҳати пешакӣ кардаанд.

  15 майи соли 2013 Охунзода Н.О. тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Новосибирск ба шаҳри Хуҷанд ҳозир гардида, дар меҳмонхонаи "Ленинобод" маскан гирифтааст.

  Пас аз 3 рӯз санаи 18 май аз тарафи шахсияти ба тафтишоти пешакӣ номаълум ба Охунзода Н.О. телефонӣ хабар дода шудааст, ки дар боғи фарҳангии истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар як борхалтаи селофанӣ дар дохили гилофакҳои резинӣ воситаи нашъадори навъи героин пуркардашуда ва ба номи ӯ чиптаи ҳавопаймо ба хатсайри Хуҷанд-Новосибирск пинҳон карда шудааст.

  Худи ҳамон рӯз Охунзода Н.О. аз рӯйи нақшаи бо Бобоев С.Ҳ. таҳиякарда амал намуда, борхалтае, ки дар он воситаи нашъадори навъи "героин" ва чиптаи ҳавопаймо нигоҳ дошта мешуд, соҳиб шуда, пинҳонӣ ба ҳуҷраи меҳмонхона овард. Номбурда санаи 19 май 96 адад гилофакро бо роҳи фурӯбарӣ ба меъдааш пинҳон намуда, худи ҳамон рӯз, соати тахминан 16:00 ба фурудгоҳ омад.

  Дарнатиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи Охунзода Н.О. аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Истиқлол дар толори интизории фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дастгир карда ва ба беморхонаи клиникии вилояти Суғд оварда шудааст. Бо мудохилаи тиббӣ 96-адад ғилофакҳои бо маводи нашъадор пуркардашуда аз меъдаи Охунзода Н.О. гирифта шуд, ки ҳаҷми умумии он 385,1 грамро ташкил намудааст.

  Бобоев С.Ҳ. бошад аз ҷои ходиса ба ҷониби номаълум гайб задааст ва нисбаташ дар содир намудани ҷиноятҳои моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои "в", "г" ва 289 қисми 3 кофтуков эълон карда шудааст. 12 феврали соли 2019 Бобоев С.Ҳ. ба РВҚД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд ихтиёран ҳозир шудааст, ки худи ҳамон рӯз нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ аз нав ҷоннок гардида, пас аз ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Истиқлол аз 08 апрели соли 2019 Бобоев Сафармаҳмад Ҳофизович бо бандҳои "в", "г" қисми 3 моддаи 200 ва қисми 3 моддаи 289 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 ҳамин Кодекс бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ