Хабарҳо

Баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Прокуратурам генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

  Ҳамзамон ба ҷаласаи Шӯро масъулин ва сардорони Раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллим Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.

   Дар чаласаи Шӯро риояи иҷрои талаботи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрй-ҳуқуқӣ дар самти ҷалби ашхоси бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба меҳнат дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сифати тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар давраи соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

   Доир ба ин масъалаҳо ахбороти кормандони масъули Прокуратурам генералӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти марбута шунида шуда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазъи риояи қонун дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.

   Бо қарори Шӯро дар назди масъулини вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, иҷрои талаботҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самтҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ