Хабарҳо
Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 24-ум Конференсияи солона ва иҷлосияи генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина.
Аз 15 то 19 сентябри соли 2019 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳ ҷиҳати иштирок дар 24-ум Конференсияи солона ва иҷлосияи генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина карор дошт.
Дар рафти чорабинии мазкур 600 нафар аз 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 105 Прокуророни генералии давлатҳо ва минтакаҳои автономӣ, роҳбарони 20 Ассотсиатсияҳои прокуророни минтақаҳои гуногун ва намояндагони дигари прокуратураҳо иштирок намуданд.
Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо ягона созмони ҷаҳонии прокурорҳо ба шумор рафта, шумораи аъзои он сол то сол афзуда истодааст. Ба ҳолати моҳи сентябри соли 2019 зиёда аз 300 000 прокурорҳо ва ҳуқуқшиносон аз 177 давлати ҷаҳон ба аъзогии Ассотсиатсия қабул шудаанд.
Дар давоми 24-ум Конференсияи солонаи Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо бошад, назария ва амалияи масъалаҳои ҳуқуқии ҳалталаби ҷаҳонӣ, аз қабили шабоҳат ва гуногунии низомҳои ҳуқуқии кишварҳои ҷаҳон ва тартиби бартараф намудани мухолифатҳои он; тартиби дархост карда гирифтани далелҳои шайъӣ ва электронӣ аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз шабакаҳои иҷтимоӣ; муқовимат бо киберҷиноятҳо; равандҳои трансформатсионии прокуратураҳои ҷаҳон ва ислоҳот дар соҳаи мазкур; масъалаҳои истирдоди ҷинояткорон; расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва проблемаҳои он дар кишварҳои низоми ҳуқуқиашон гуногун; тартиб ва воситаҳои бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо дар кишвари иқомат; муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез; мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус шаклҳои трансмиллии он; тартиби расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо тартиби оперативӣ бе ирсол намудани дархостҳои расмӣ; муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои аз хориҷа баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ бадастомада ва ғайраҳо муҳокима шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои зикршуда мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президента қаблии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо ҷаноби Герхард Ярош ва Президента тозаинтихоби он ҷаноби Чол-Кю Ванг баргузор гардид.
Ҳамчунин, мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокуророни генералии як қатор кишварҳои хориҷӣ бо мақсади шиносоӣ ва барпо намудани алоқаҳои мустақим баргузор карда шуд.
Прокуратураи генералӣ