Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ИСТИСНОИИ ДАВЛАТ ACT

 Тағоев Ю.Ҳ., моҳи сентябри соли 2018 ба шаҳрванд Турдиев Гулбой аз ҳисоби заминҳои аҳолинишинӣ деҳаи Навбаҳори деҳоти Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода барои сохтмони манзили истиқоматӣ масоҳати 0,07 га қитъаи заминро ғайриқонунӣ ба маблағи 52 500 сомонӣ фурӯхта, ба номи фарзандаш ҳуҷатгузорӣ намудани онро ваъда дода, барои сохтмон иҷозат додааст. Турдиев Г. бошад, дар масоҳати 41,0 метри мураббаъи ин қитъаи замин таҳкурсии манзили истиқоматӣ бунёд намудааст.

 

  Прокурори шаҳри Турсунзода нисбати Тағоев Ю.Ҳ. бо аломатҳои моддаи 338 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонидааст. Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Тағоев Ю.Ҳ. гунаҳгор дониста шуда, ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 50 ҳазор сомонӣба фоидаи давлат ҷарима карда шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати 2 сол маҳрум гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ