Хабарҳо

Баргузории мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ дар доираи Мониторинги сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 18 июли соли 2019 аз ҷониби Донишкада бо дастгирии молиявии барномаи Рушди СММ дар толори меҳмонхонаи “Хилтон” мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣдар доираи Мониторинги сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибки Барномаи мизи мудаввар мавзӯъҳо оид ба максад ва вазифаҳои тадқиқоти сотсиологй, методология, воситаҳо ва натиҷаҳои асосии он, тавсияҳо дойр ба такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бехдошти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо карор гирифтанд.

  Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз Прокуратураи генералӣ, Донишкада, Суди Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президента ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ, Маркази тадкикоти стратегии назди Президента ҶТ, Агентии омори назди Президента ҶТ, Донишгоҳи миллии ҶТ, намояндагони Созмонҳои байналмилалӣ-Барномаи Рушди СММ, Ассотсиатсияи ҳукукшиносони Амрико дар ҶТ (АБА РОЛИ), Филиали Ассотсиатсияи швейтсарӣ оид ба хамкории байналмилалй “Хельветас Свисс Интеркооперейшн”,инчунин аз ҷомеаи шахрвандӣ ҷамъ 30 нафар ширкат ва дар муҳокимарониҳо иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ