Хабарҳо

УҲДАДОРИҲОИ ОМУЗГОРОН ДАР ТАЪМИНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОН

 Раҳматуллоева Матлуба Қаюмовна аз соли 1998 то инҷониб дар вазифаи омӯзгори МТМУ №34-и ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд фаъолият намуда, фаъолияти кории худро бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда, уҳдадориҳои худро дар таъмини раванди таълиму тарбияи хонандагон иҷро накардааст, ки аз ин бемасъулиятии роҳбар хонандагони синфи 9 «А»-и муассисаи мазкур И М., Р А., Т Р. ва Ҳ С. истифода намуда, дар давраи соли хониши 2018-2019 бидуни сабабҳои узрнок дар алоҳидаги аз 60 то 175 соат дар маҷмӯъ 970 соат дар дарсҳо иштирок накарда, ба оворагардӣ машғул шудаанд.

  Ба ҳамин монанд Файзуллоев Файзулло Деҳқонович аз соли 1979 инҷониб ҳамчун омӯзгори ҳамин муассиса фаъолият намуда, талаботи қонуни мазкурро ба таври лозима иҷро накарда, хонандагони синфи 9 «В» А Ш., З Ш. ва Н X. аз ин хунукназарии роҳбари синфашон истифода намуда, дар давраи соли хониши 2018-2019 дар алоҳидагӣ аз 42 то 93 соат дар дарсҳо иштирок накарда, ба оворагардӣ машғул гардидаанд.

 Прокурори ноҳияи Б.Ғафуров нисбати омӯзгорон Раҳматуллоева М.Қ. ва Файзуллоев Ф.Д. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, барои баррасӣ ба суди ҳамин ноҳия ирсол кардааст.

  Бо қарори суди ноҳияи Б.Ғафуров номбурдагон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ