Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Ҷинояткор ба мақсад нарасид

 Ҷураев Саидбек Мамазарифович 24 марти соли 2019 ба манзили истиқоматии ҳамсараш Набиева Мавҷуда Нурмаҳмадовна ба шаҳри Ҳисор омада, аз номбурда хоҳиш намудааст, ки ҳамроҳаш ба шаҳри Ваҳдат ба манзили зисташ равад.

  Ҳамсараш хоҳиши ӯро бо асоси нигоҳубини духтараш Набиева M.M.,ки фарзанди хурдсол таваллуд кардааст ва ба ёриаш эҳтиёҷ доштанаш, рад намудааст.

  Аз суханони ҳамсараш Ҷураев С.М. ба ғазаб омада, ҳамсарашро ба дохили ҳамоми хона дароварда, лату кӯб намуда, ба ин қонеъ нашуда, кирдори ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади куштан ҷабрдидагон Набиева М.М. ва духтараш Набиева М.М.-ро бо табар ба capва дигар қисматҳои баданашон зада, ба саломатии онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок расонидааст.

  Аз ҳолати мазкур шаҳрвандоне, ки дар маъракаи азодори марҳум Бозоров Х.А. дар ҳамсоягии Набиева М. қарор доштаанд огоҳ шуда, доду фиғон бардошта тарафи ӯ рафтаанд, ки Ҷураев С.М. бо сабабҳои, аз ӯ вобастанабуда кирдори ҷиноятии худро то ба охир расонида натавонистааст.

  Нисбати Ҷураев Саидбек Мамазарифович аз ҷониби прокуратураиноҳияи Ҳисор бо моддаҳои 32 қисми 3-104 кисми 2 банди «а» КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣоғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣнамудан ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми коллегияисудӣоид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2019 Ҷураев Саидбек Мамазарифович бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мухдати 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣбо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт адои ҷазо таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ