(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497; мод. 498; №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139)

(Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156, аз 12.05.2007 № 251, аз 30.07.2007 № 294, аз 31.12.2008 № 450, аз 19.05.2009 № 515, аз 25.03.2011 № 688, 28.06.2011 № 731, аз 01.08.2012 № 876, аз 22.07.2013 № 973, № 974, аз 28.12.2013 № 1034, аз 14.03.2014 № 1064, аз 31.12.2014 № 1166)

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣкардаанд, иҷро менамояд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни конститутсионии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

"- прокурор - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор-криминалистҳои калон ва прокурор-криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

- кормандони прокурорӣ- прокурорҳо ва муфаттишон, инчунин дигар кормандони мақомот ва муассисаҳои илмию таълимии прокуратура, ки рутбаҳои дараҷавӣ(рутбаҳои ҳарбӣ) доранд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститусионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 4. Вазифаҳои мақомоти прокуратура

Вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣбо мақсади ҳифзи:

-соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣва дахлнопазирии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣва дигар сохторҳои ғайридавлатӣиборат мебошад.

Ба зиммаи прокуратура иҷрои вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣкарда нашудаанд, гузошта намешавад.

Моддаи 5. Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборатанд:

- назорати риояи дақиқва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқбудани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;

-назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣэътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми моддаи мазкур зикр шудаанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

- назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқва тафтишоти пешакӣмашғул мебошанд;

-ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣва ғайридавлатӣдар мурофиаи судӣ;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;

-назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣаз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти ваколатдор (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-тафтишоти ҷиноятҳо;

-таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо (Қонуни конст.ҶТ аз 12.05.2007 № 251);

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқоид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣва пешгирии он ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

-иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;

-эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбати фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450).

Прокуратура мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣзарур аст, фаъолият намояд.

Моддаи 6. Принсипҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура

Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-низоми ягонаи марказонидашудае мебошад, ки ба он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣмекунад ва прокурорҳои поёнӣба прокурорҳои болоӣва ба Прокурори генералӣтобеъ мебошанд;

-дар ҳудуди салоҳияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд, баробарии онҳоро дар назди қонун, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва мӯътақидоти дигар таъмин менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-то ҳадде, ки ба қонун, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои нигаҳдории сирри давлатӣё дигар сирре, ки қонун ҳифз мекунад, хилоф набошад, ошкоро амал менамоянд, ба мақомоти давлатӣва идора, аҳли ҷамъият дар бораи вазъи қонуният, тадбирҳои мустаҳкам намудани он хабар медиҳанд;

-барои сари вақт ошкор ва бартараф кардани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ, сарфи назар аз он ки ин кирдор аз тарафи кӣсодир мешавад, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронкардашуда ва бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгарӣкашидани гунаҳкорон чора меандешанд;

-ваколатҳои худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи салоҳияташ қабул намудааст, иҷро менамоянд.

Моддаи 7. Дахолат накардан ба фаъолияти прокуратура

Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони мансабдор ба фаъолияти прокуратура дар амалӣнамудани назорат ба иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо манъ аст.

Ба ҳар восита таъсир расонидан ба коркунони прокуратура бо мақсади монеъ шудан дар амалӣнамудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул кунонидани қарори ғайриқонунӣбоиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Парвандаҳои ҷиноятӣва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣнисбат ба прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, инчунин аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 974).

Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, ҳангоми дастгир намудани онҳо дар вақти содир кардани ҷиноят тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣкарда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 974).

Прокурорҳо ва муфаттишон вазифадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводҳои дар истеҳсолоташон буда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки дар қонунгузорӣпешбинӣшудаанд, инчунин дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳо бо супориши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳеҷкас ҳуқуқнадорад, ки маълумоти санҷиш ва тафтишоти пешакиро то тамом шудани онҳо ошкор кунад.

Моддаи 8. Ҳатмӣбудани иҷрои талаботи прокурор

Талаботи прокурор, ки аз ваколатҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, бояд ҳатман дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро карда шаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Ахбори оморӣва ахбори дигар, маълумот, ҳуҷҷатҳо ё нусхаҳои онҳо, ки барои амалӣнамудани назорати прокурорӣё тафтишоти ҷиноят заруранд, бо талаби прокурор ё муфаттиш ройгон дода мешаванд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки бо даъвати прокурор ё муфаттиш ҳозир шаванд ва аз рӯи моҳияти масъалаҳое, ки дар рафти санҷиш муайян карда мешаванд, баёнот диҳанд. Дар сурати саркашӣаз ҳозиршавӣшахси мансабдор ё шаҳрванд бо қарори прокурор ё муфаттиш ба воситаи мақомоти милитсия маҷбуран оварда мешавад. Иҷрои ин қарор аз лаҳзаи расидани қарор дар бораи маҷбуран овардан ҳатмӣмебошад.

Бе сабабҳои узрнок аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандон иҷро накардани талаботи қонунии прокурор ва муфаттиш, инчунин саркашӣаз ҳозиршавӣбо даъвати онҳо боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Моддаи 9. Иштироки прокурор дар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣва худидоракунии маҳаллӣ

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонад.

Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои нақлиёт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо ва прокурори назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣдар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣиштирок мекунанд.

Прокурор, муовини якум ва муовинони ӯ, инчунин бо супориши онҳо прокурорҳои дигар ҳуқуқдоранд дар баррасии пешниҳод ва эътирозҳои худ ба мақомоти маҳаллии намояндагӣва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, иштирок намоянд.

Прокурорҳо наметавонанд ба ҳайати комиссия, кумитаҳо ва дигар мақомоти коллегиалии аз тарафи мақомоти ҳокимияти намояндагӣва иҷроия ташкилкардашуда, агар онҳо ба қонунӣбудани санадҳои ҳуқуқии аз тарафи ин мақомот баровардашуда назорат кунанд, дохил шаванд.

Моддаи 10. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқдар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амният, мақомоти андоз, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣҳамоҳанг месозанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр ёфтаанд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда Шӯрои ҳамоҳангсозиро, ки мақоми машваратӣбуда, мувофиқи Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқдар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда шудааст, даъват менамояд.  Дар маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣраисони судҳои зинаҳои дахлдор иштирок карда метавонанд. Иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣбарои мақомоти ҳифзи ҳуқуқҳатмӣмебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 11. Иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ

Прокурор дар рафти амалӣнамудани ваколатҳои худ ҳангоми зарурати такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣметавонад ба субъекти ваколатдоре, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣдорад ё ба мақоме, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, дар бораи қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо, ё аз эътибор соқит кардани санади меъёрии ҳуқуқӣтаклиф пешниҳод кунад.

Моддаи 12. Баррасии муроҷиатҳо

Мақомоти прокуратура бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣарзу шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо баррасӣнамуда, барои рафъи онҳо чораҳо мебинад. Қарори қабулкардаи прокурор барои ба суд муроҷиат кардани шахс оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ монеъ шуда наметавонад.

Агар шахс бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣва дигар камбудиҳояш ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда натавонад, прокурор вазифадор аст барои таъмини он чораҳои зарурӣандешад.

БОБИ 2. НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 13. Низом ва сохтори мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва  прокуратураҳои ба он баробаркардашуда ташкил медиҳанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маркази илмию таълимӣмебошад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои поёнӣҳуқуқи идоракунии оперативии объектҳои таъиноти иҷтимоӣ-маишӣва хоҷагидориро доранд.

Сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқмекунад.

Таъсиси мақомоти прокуратура, азнавташкилдиҳӣва барҳамдиҳии мақомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, вазъи ҳуқуқӣва салоҳияти онҳоро Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 14. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муовини якум ва муовинон мебошад, ки онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иттилоот дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯдар матбуот нашр мегардад.

Моддаи 15. Масъул будани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул буда, дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон соле як маротиба ё аз рӯи зарурат ҳисобот медиҳад.

Моддаи 16. Таъин намудани прокурорҳо ба вазифа, тобеият ва асосҳои аз вазифа озод кардани онҳо

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёт, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, прокурори назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Ин прокурорҳо ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Прокурорҳо бо чунин асосҳо аз вазифаашон пеш аз мӯҳлат озод карда мешаванд:

-бо хоҳиши худ;

-бо сабаби ба истеъфо баромадан;

-бо сабаби ба кори дигар гузаштан ё иҷро карда натавонистани вазифа бинобар вазъи саломатӣ;

-бо сабаби интихоб шудан ба мақомоти намояндагӣ (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия;

-барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-дар мавриди содир намудани ҷиноят, ки бо ҳукми эътибори қонунӣпайдонамудаи суд муқаррар карда шудааст;

-бо дигар асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат пешбинӣкардааст.

Иттилооти ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани прокурорҳо дар матбуоти маҳаллӣнашр мегардад.

Моддаи 17. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣмекунад.

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара дар ҳайати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис), муовини якум ва мувинони ӯ (аз рӯи вазифа), дигар кормандони прокурорӣ, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин намудааст, ташкил карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва шӯъбаҳо мавҷуданд, ки дар айни замон сардорон ва муовинони сардорони онҳо мутобиқан ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Прокурори генералӣинчунин ёрдамчиёни калон оид ба супоришҳои махсус дорад. Дар раёсатҳо ва шӯъбаҳо прокурорҳои калон ва прокурорҳо (ёрдамчиён), прокурорҳо-криминалистҳо, муфаттишҳои калон ва муфаттишҳо оид ба корҳои махсусан муҳим ҳастанд.

Сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳо ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо ва шӯъбаҳо, прокурор-криминалистҳо, инчунин муфаттишҳои калон ва муфаттишҳо оид ба корҳои махсусан муҳим аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Ба низоми Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи воҳиди низомӣСарпрокуратураи ҳарбӣ, ки ба он муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбӣроҳбарӣмекунад, дохил мешавад.

Дар низоми Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки директор, муовин ва кормандони фаврии онро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияҳои махсуси ҳуқуқии худро дорад.

Моддаи 18. Ваколатҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро сарварӣмекунад ва ба фаъолияти он назорат менамояд;

-ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва дар ҷаласаҳои он раисӣмекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-ба мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;

-роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, сармуҳосиб, дигар кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

-низомномаҳои воҳидҳои низомии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқмекунад;

-прокуратураҳоро ташкил ва барҳам медиҳад;

-фармонҳо, амрҳо, дастурҳо, низомномаю дастурамалҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи коркунони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣмебошад. Дар сурати хилофи қонун буданашон ин санадҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣтағйир дода ё бекор карда мешаванд;

-шумораи кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди воҳиди ҷудокардашуда ва фонди музди меҳнат муқаррар менамояд;

-ваколати воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;

-шумораи кормандон ва сохтори мақомоти тобеи прокуратураро муқаррар мекунад;

-такмили ихтисоси кормандонро ба роҳмемонад;

-ҳамчунин дигар ваколатҳое дорад, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳо пешбинӣкардаанд.

Моддаи 19. Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон

Ба прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурорҳои дахлдор роҳбарӣмекунанд, ки онҳо дорои муовини якум ва муовинон буда, онҳоро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Дар прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он прокурори роҳбарикунандаи прокуратура (раис), муовини якум ва муовинони ӯ(аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони прокурорӣдохил мешаванд.

Шумора ва ҳайати шахсии мушовара аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди прокурорҳои дахлдор тасдиқкарда мешаванд.

Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурори дахлдор ва дар набудани ӯмуовини якум ё яке аз муовинони ӯраисӣмекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Дар прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон раёсатҳо ва шӯъбаҳо ташкил карда мешаванд. Сардорон ва муовинони сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳо, ки дар як вақт ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои дахлдор мебошанд, бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокурорҳои роҳбарикунандаи ин прокуратураҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Дар сохтори раёсатҳо ва шӯъбаҳо прокурорҳои калон, прокурорҳо, муфаттишони калон ва муфаттишҳо оид ба корҳои махсусан муҳим мавҷуданд, ки онҳо аз тарафи прокурорҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи худ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

Моддаи 20. Прокуратураҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда

Ба прокуратураҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда прокурорҳои дахлдор роҳбарӣмекунанд. Онҳо метавонанд муовини якум, муовинон, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиён, муфаттишони калон ва муфаттишон дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Муовини якум ва муовинони прокурорҳо, кормандони дигари прокуратураҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣаз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Муовини якум ва муовинони прокурорҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокурорҳои дахлдори болоӣба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Кормандони дигари ин прокуратураҳо аз тарафи прокурорҳои дахлдори болоӣба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Муовинони прокурорҳои нақлиёти вилоятиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда ба прокурорҳои болоӣдар бораи тағйир додани шумораи кормандони дастгоҳтаклифҳо пешниҳод менамоянд.

Прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда дар доираи ваколатҳои худ кормандони хидмати ёрирасонро ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд.

Моддаи 21. Ваколатҳои прокурорҳои Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон

Прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба фаъолияти прокуратураҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар асоси иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣнамуда, фармонҳо, дастурҳо, амрҳо мебароранд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони тобеъ ҳатмӣмебошад.

Моддаи 22. Ҳайати мушовараи мақомоти прокуратура

Ҳайати мушовараи мақомоти прокуратура мақоми машваратӣбуда, дар назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Ба ҳайати мушовара муовини якум ва муовинони прокурори дахлдор, дигар кормандони прокуратура дохил мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Дар ҳайати мушовара муҳимтарин масъалаҳое, ки ба фаъолияти мақомоти прокуратура, вазъи кори назорат ба риояи қонунҳо, иҷрои фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои кадрҳо дахл доранд, баррасӣшуда, ҳисоботи сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳо, прокурорҳои тобеъ ва дигар кормандони мақомоти прокуратура шунида мешаванд.

Дар маҷлисҳои ҳайати мушовара мумкин аст баёноти роҳбарони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор бинобар вайрон кардани қонунгузорӣва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣшунида шавад.

Қарори ҳайати мушовара бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзои он қабул шуда, бо фармони прокурори дахлдор дар амал татбиқкарда мешавад.

Дар сурати ихтилофи назар дар байни прокурор ва аъзои ҳайати мушовара прокурор қарорҳои худро дар амал татбиқменамояд.

Дастури кории ҳайати мушовара ва вазъи ҳуқуқии аъзои онро прокурори дахлдор муайян мекунад.

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ

Моддаи 23. Предмети назорати умумӣ

Предмети назорати умумӣинҳо мебошанд:

-назорат ба иҷрои қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагӣва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шаклҳои моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқат намудани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;

-назорат ба риояи ҳуқуқва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣэътироф гардидаанд, аз ҷониби ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сарсатри якуми ҳамин модда нишон дода шудаанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-назорати қонунӣбудани қарорҳои қабулкардаи мақомоте, ки ба баррасӣнамудани парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаҳо, маводҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣбарои баррасӣдар судҳои иқтисодӣ, ба истиснои қарорҳои суд ваколатдоранд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450);

-назорати риояи қонунҳое, ки ба муносибатҳои иқтисодӣ, байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист, гумрук, андоз ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣмансуб мебошанд.

Санҷиши риояи қонунҳо аз рӯи аризаҳо ва дигар маълумотҳо дар бораи вайрон кардани қонуният, ки диққату эътибори бевоситаи прокурорро талаб менамояд, дар сурати зарурат бо ташаббуси прокурор гузаронида мешавад. Дахолати прокурор ба фаъолияти хоҷагӣва иваз намудани вазифаи мақомоти тобеи идора ва мақомоти назорат манъ аст (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 24. Ваколатҳои прокурор ҳангоми назорати умумӣ

Прокурор ҳангоми назорати умумӣҳуқуқдорад:

-ба муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, бонкҳо ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣбо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣбе монеа, ба объектҳои режимӣҳангоми будани иҷозати махсус ворид гардад ва бо ҳар гуна ҳуҷҷатҳои онҳо шинос шавад;

-иҷрои қонунҳоро дар асоси аризаҳо, шикоятҳо, муроҷиатҳо ва дигар маълумотҳо оид ба ҳуқуқвайронкунӣсанҷад;

-барои гузаронидани санҷиш кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷалб намояд;

-барои санҷиши қарорҳо, амру фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, маводҳо, маълумоти оморӣва дигар маълумотҳоро (асл ё нусхаи онҳоро) талаб намояд, дар бораи вазъи қонуният ва чораҳои таъмини он маълумот гирад;

-шахсони мансабдор, шаҳрвандонро даъват намояд ва аз онҳо доир ба вайрон кардани қонун баёнот талаб кунад.

Прокурор ҳуқуқдорад аз роҳбарон ва шахсони мансабдор инҳоро талаб намояд:

-гузаронидани санҷиш ва тафтиши (ревизияи) фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои таҳти назорат ва тобеияти онҳо буда, инчунин дар ҳолати зарурӣтаъин кардани экспертиза;

-барои муайян кардани масъалаҳои бамиёномада ҷудо намудани мутахассисон;

-гузаронидани санҷиши мавод, ахбор, муроҷиатҳое, ки ба прокуратура ворид шудаанд ва хабар дар бораи натиҷаи онҳо.

Ҳангоми ошкор сохтани қонунвайронкунӣпрокурор ё муовини ӯдар доираи салоҳияти худ ҳуқуқдорад:

-доир ба санадҳои мақомот ва ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдор, ки хилофи қонун мебошанд, эътироз биёрад;

-бо қарори худ шахсонеро, ки ғайриқонунӣдучори боздошти маъмурӣшудаанд, озод кунад;

-дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароити мусоидаткунандаи онҳо таклифҳо пешниҳод намояд;

-дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқва манфиатҳои шаҳрвандон, давлат, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз ҷумла ҷиҳати барқарор кардани зарари расонидашуда, ба суд муроҷиат кунад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

- мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ, истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд, дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣё моддӣкашидан истеҳсолот оғоз кунад, маводро барои баррасӣба мақомоти дахлдор фиристонад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-дар бораи бартараф кардани вайронкунии ошкорои қонун амрҳо диҳад.

Моддаи 25. Эътирози прокурор

Эътироз доир ба санад, супориш ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки хилофи қонун мебошанд, аз ҷониби прокурор ё муовинонаш ба мақомоти интишордодаи ин санад ё мақомоти болоӣоварда мешавад.

Прокурор дар эътирози худ масъалаҳои бекор кардани санад, ба қонун мутобиқгардонидани он, инчунин қатъ кардани амали ғайриқонунии шахсони мансабдор, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшударо ба миён мегузорад.

Эътирози прокурор амали санади аз болояш эътирозовардашударо бозмедорад ва онро бояд мақомоти дахлдор ё шахси мансабдор на дертар аз даҳрӯзи баъди ворид шуданаш ҳатман баррасӣнамояд.

Дар ҳолати овардани эътироз нисбати қарори мақомоти маҳаллии намояндагии ҳокимияти давлатӣон бояд дар иҷлосияи наздиктарин баррасӣшавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунро талаб мекунад, прокурор ҳуқуқдорад барои баррасии эътироз мӯҳлати кӯтоҳтар муқаррар намояд. Аз натиҷаи баррасӣба прокурор фавран хаттӣхабар дода мешавад.

Дар сурати баррасӣкардани эътироз дар мақомоти машваратӣдар бораи рӯзи маҷлис ба прокуроре, ки эътироз овардааст, хабар дода мешавад.

Эътироз мумкин аст то баррасӣшудани он аз ҷониби прокурори эътирозоварда ё прокурори болоӣбозхонда шавад.

Дар сурати бесабаб рад кардани эътироз ё дар мӯҳлати муқарраршуда дида набаромадани он прокурор метавонад дар бораи ғайриқонунӣдонистани санад ба суд бо аризаи даъвогӣмуроҷиат намояд. Пешниҳоди чунин ариза амали санади ҳуқуқиро бозмедорад.

Моддаи 26. Пешниҳоди прокурор

Пешниҳод дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда аз ҷониби прокурор, муовини ӯба мақом, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки барои бартараф кардани қонунвайронкунӣваколат дорад, пешкаш мешавад ва он бояд фавран баррасӣшавад. Дар мӯҳлати на дертар аз як моҳбояд оид ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда тадбирҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи он ба прокурор хаттӣхабар дода шавад.

Мақоми машваратие, ки ба он пешниҳод фиристонида шудааст, дар бораи рӯзи маҷлис ба прокурор хабар медиҳад ва прокурор ҳуқуқдорад, ки дар муҳокимаи он иштирок намояд.

Моддаи 27. Қарори прокурор

Прокурор, муовини якум ва муовинони онҳо бо назардошти хусусияти қонунвайронкунӣаз тарафи шахси мансабдор ё шаҳрванд оид ба оғоз намудани истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣва маъмурӣкашидан ё дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣқарори асоснок мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Қарор дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣё ҷавобгарии маъмурӣкашидан дар муддати даҳрӯзи баъди расидани он бояд аз тарафи шахси мансабдор ё мақоми салоҳиятдор баррасӣшавад. Шикоят аз рӯи қарори қабулшуда иҷрои онро бознамедорад. Аз натиҷаи баррасӣба таври хаттӣба прокурор хабар дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурӣбарои тафтиши ҷиноятҳо прокурор ҳақдорад бо ҷалби кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқдар асоси қарори худ гурӯҳҳои тафтишоти фаврӣтаъсис диҳад.

Моддаи 28. Амри прокурор

Амри хаттӣдар бораи бартараф намудани қонунвайронкунӣаз тарафи прокурор, муовини ӯ, ё шахси ваколатдоркардаи онҳо ба мақом, шахси мансабдор ё шахсони воқеӣ, ки ба вайрон кардани қонун роҳдодаанд, пешниҳод карда мешавад.

Амри хаттӣдар мавридҳое пешниҳод карда мешавад, ки қонунвайронкунӣхусусияти ошкоро дошта, ба манфиати давлат, корхона, муассиса, ташкилот, инчунин шаҳрвандон агар он фавран бартараф карда нашавад, зарари ҷиддӣрасонида метавонад. Амр бояд бетаъхир иҷро гардад, ки дар ин бора ба прокурор хабар дода мешавад.

Мақомот, шахси мансабдор ё шахси воқеӣметавонад аз хусуси амр ба прокурори болоӣшикоят кунад, ки ӯвазифадор аст шикоятро дар мӯҳлати даҳрӯз дида барояд.

Моддаи 29. Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии прокурор ва масъулият барои иҷро накардани онҳо

Дар эътироз, пешниҳод, қарор ё амри прокурор ҳатман зикр мегардад, ки кадом талаби қонун аз тарафи кӣвайрон карда шудааст, моҳияти вайрон кардани қонун дар чист ва шахсони мансабдор, мақомот, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣбояд дар кадом мӯҳлат онро бартараф намоянд.

Шахсони мансабдор, мақомоти салоҳиятдор ё шахсони воқеие, ки эътироз, пешниҳод, қарор, амри прокурорро дар мӯҳлаташ иҷро накардаанд, беасос рад намудаанд ё барои бартараф намудани вайронкунии қонун, ки дар пешниҳоди прокурор нишон дода шудааст, чора надидаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣкашида мешаванд.

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢБА ИҶРОИ ҚОНУНҲО АЗ ТАРАФИ МАҚОМОТЕ, КИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ, ТАҲҚИҚУ ТАФТИШИ ПЕШАКИРО БА АМАЛ МЕБАРОРАНД

Моддаи 30. Предмети назорат

Предмети назорати прокурорӣба иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқу тафтиши пешакиро ба амал мебароранд, инҳо мебошанд:

-риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-бо тартиби муқарраркардаи қонун ҳаллу фасл намудани аризаҳо ва хабарҳо дар бораи ҷиноятҳои тайёршаванда, содиршаванда ва содиршуда (Қонуни конст.ҶТ аз 25.03.2011 № 688);

-гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣбо мақсади ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҷустуҷӯи ҷинояткорон (Қонуни конст.ҶТ аз 25.03.2011 № 688);

-кофтукови далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ;

-гузаронидани таҳқиқу тафтиши пешакӣ;

-қонунӣбудани қарорҳои қабулкардаи онҳо.

Моддаи 31. Ваколати прокурор дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣва таҳқиқу тафтиши пешакӣ

Прокурор дар доираи салоҳияташ ҳуқуқдорад:

-қонунӣбудани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, истифодаи воситаҳои илмӣ-техникиро санҷад;

-аз мақомоти дахлдор парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ, маводҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотро дар бораи рафти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣбарои тафтиш талаб намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 25.03.2011 № 688);

-муроҷиатҳоро оид ба амал ва қарори мансабдорони дахлдор санҷад ва баррасӣнамояд;

-қарорҳои ғайриқонунӣва беасоси мансабдорони мақомотеро, ки фаъолияти оперативӣҷустуҷӯиро ба амал мебароранд, бекор кунад;

-ба муфаттиш ва таҳқиқбаранда барои муроҷиат намудан бо дархост ба суд оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣдар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣгирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабарҳои телеграфӣва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣрозигӣдиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034);

-барои татбиқи чораи пешгирӣдар намуди гарав розигӣдиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034);

-дигар амали пешбиникардаи қонунро иҷро намояд.

Ваколати прокурорро ҳангоми назорат ба риояи қонунҳо аз ҷониби мақомоти таҳқиқу тафтиши пешакӣқонунгузории мурофиавии ҷиноятӣмуайян менамояд.

Дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тафтишу таҳқиқи пешакӣ, ки танзими қонуниро талаб намекунад, барои иҷро ҳатмӣмебошад.

Моддаи 32. Тафтиши ҷиноят аз ҷониби мақомоти прокуратура

Мақомоти прокуратура аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣба салоҳияти онҳо вогузоштааст, тафтишот мегузаронад.

Прокурор ҳуқуқдорад, тафтиши ҳар гуна ҷиноятро ба истеҳсоли худ гирад ё онро ба прокурор ё муфаттиши тобеаш, супорад. Прокурор инчунин метавонад парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оиди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта. Прокурор инчунин метавонад парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оиди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ба дигар мақомоти тафтишотӣсупорад (Қонуни конст.ҶТ аз 12.05.2007 № 251).

Моддаи 33. Додани розигӣбарои татбиқи чораҳои пешгирӣ, чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣва амалҳои тафтишотӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034)

Ҳуқуқи розигӣдоданро ба татбиқи чораҳои пешгирӣдар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣгирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, гарав, ба татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю тслеграф, хабарҳои телеграфӣва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои барқӣва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефони ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣПрокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони онҳо, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда доранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034,  аз 31.12.2014 № 1166)).

Ҳангоми ҳалли масъалаи ба ҳабс, ҳабси хонагӣгирифтан прокурор вазифадор аст, бо тамоми маводи парвандаи ҷиноӣ, ки барои гирифтан ба ҳабс, ҳабси хонагӣасос шуда метавонад, пурра шинос шуда, гумонбаршуда ва айбдоршавандаро дар мавриди зарурӣ, гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ноболиғро бошад, дар ҳама гуна ҳолат шахсан пурсиш намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034).

Прокурор инчунин барои боздошту нигоҳдорӣдар хонаҳои қабулу тақсимкунӣ, муқаррар намудани назорат ба рафтори шахси аз ҷазо озод кардашуда, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқу кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон вобастаанд, баъди омӯзиши маводи пешниҳодшуда ва мавҷуд будани асосҳои кофӣиҷозат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034).

Прокурор дар мавридҳои пешбиникардаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣва қонун барои боздошти шаҳрванди хориҷӣё шахси бешаҳрванд иҷозат медиҳад. Дар чунин мавридҳо ҳуқуқи додани иҷозат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда тааллуқдорад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Хориҷкарда шуд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034).

Тартиби додани розигӣба татбиқи чораҳои пешгирӣ, бекор кардан, тағйир додан ва дароз кардани мӯҳлати онҳо, татбиқи чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣва амалҳои тафтишотӣмутобиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1034).

БОБИ 5. ИШТИРОКИ ПРОКУРОР ҲАНГОМИ АЗ ТАРАФИ СУДҲО БАРРАСӢКАРДАНИ ПАРВАНДАҲО

Моддаи 34. Иштироки прокурор ҳангоми аз тарафи судҳо баррасӣкардани парвандаҳо

Прокурорҳо мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо аз тарафи судҳо дар мурофиаи судӣиштирок менамоянд, нисбати фармонҳо, ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд, эътироз, шикоят ва ариза меоваранд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450).

Моддаи 35. Ваколати прокурор дар мурофиаи судӣ

Прокурор иштирокчии мурофиаи судӣбуда, бо дигар иштироккунандагон ҳуқуқи баробар дорад.

Ваколати прокурори дар маҷлиси суд иштироккунандаро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 36. Иштироки прокурор ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣва иқтисодӣ

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166)

Дар баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣва иқтисодӣпрокурор дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣнамудааст, иштирок мекунад ва оид ба парвандаи баррасишаванда хулоса медиҳад.

Иштироки прокурор дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣдар ҳолатҳое, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣнамудааст, ҳатмист. Прокурор метавонад дар ҳар давраи мурофиаи судии ҷиноятӣба баррасии парванда ворид шавад.

Прокурор дар доираи салоҳияти худ дар мурофиаи судии ҷиноятӣайбдоркуниро аз номи давлат дастгирӣменамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 37. Эътироз, шикояти кассатсионӣва хусусии прокурор

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450)

Ҳуқуқи овардани эътирози кассатсионӣва хусусиро нисбати ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣпрокурор ва муовини якум ва муовинони ӯдар доираи салоҳияташон, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда дар суди марҳилаи якум, доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Ёрдамчии прокурор, прокурори раёсат ва шӯъба метавонад танҳо нисбат ба ҳукм, таъинот, қарор ва дигар санадҳои судӣоид ба парвандае, ки дар баррасии он иштирок кардааст, эътироз ва шикоят оварад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 38. Аз суд талаб намудани парванда аз ҷониби прокурор

Прокурор, муовини ӯҳуқуқдоранд, ки дар доираи салоҳияташон ҳар парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки аз рӯи онҳо фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот, қарорҳое, ки эътибори қонунӣпайдо намудаанд, мутобиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣва иқтисодӣаз суд талаб карда гиранд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450).

Баъди муқаррар намудани он, ки фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ё қарори суд ғайриқонунӣё беасос аст, прокурор ба тариқи назорат эътироз ва ариза меоварад. Агар ин берун аз салоҳияти ӯбошад, вай бо пешниҳод ба прокурори болоӣмуроҷиат менамояд, ки ӯэътироз оварад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450).

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450)

Моддаи 39. Эътироз овардан ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣпайдо кардаанд

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450, аз 31.12.2014 № 1166)

Ҳуқуқи овардани эътироз ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ё қарори суд ба инҳо дода шудааст  (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450, аз 31.12.2014 № 1166):

- ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ, Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣнисбати қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, дар сурате ки ба вайронкунии ҷиддии қонунҳо роҳдода шуда бошад Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450;

- ба муовини якум ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати ҳукм, таъинот ва қарори ҳамаи судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ба истиснои қарорҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450, аз 31.12.2014 № 1166);

- ба прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовинони онҳо нисбати ҳукм, таъинот ва қарори суди шаҳрӣ, ноҳиявӣ, инчунин бо қарори коллегияи судӣоид ба парвандаҳои ҷиноятӣмутобиқан суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ки парвандаро ба тартиби кассатсионӣбаррасӣкардааст Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450.

Ба қарори суд аз рӯи парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣпрокурори шаҳр, ноҳия, муовини якум ва муовинони ӯё прокурорҳои болоӣмуовини якум ва муовинони онҳо эътироз оварда метавонанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 40. Бозхонди эътироз, шикоят ва ариза

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450)

Эътироз, шикоят ва ариза нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд то оғози баррасии он дар суд мумкин аст аз ҷониби прокуроре, ки эътироз, шикоят ва ариза овардааст ё прокурори болоӣбозхонда шавад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450).

Моддаи 41. Боздоштани иҷрои ҳукми суд

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450)

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯҳуқуқдоранд, ки то баррасии муроҷиати шаҳрвандон иҷрои ҳукмҳои ба қувваи қонунӣнадаромадаи судро боздоранд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 450, аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 42. Иштироки прокурор дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияҳои судӣоид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсати судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166)

Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣмебошад.

Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, коллегияҳои судӣоид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, инчунин прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳое, ки ба салоҳияти прокурори нақлиёти Тоҷикистон мансубанд, дар ҷаласаҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ҳатмӣмебошад.

Прокурор дар баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.

Иштироки прокурор дар мурофиаи судӣҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмӣмебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 43. Ҳуқуқи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мутобиқи Конститутсия будани тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олӣва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба масъалаи санҷиши мутобиқи Конститутсия будани санадҳои дорои хусусияти меъёрие, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣва ҷамъиятӣқабул мекунанд, муроҷиат намояд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдорад, ки ба Пленуми Суди Олӣва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣоид ба масъалаҳои амалияи судӣаз рӯи парвандаҳои гражданӣ, хоҷагӣ, ҷиноятӣва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣбо пешниҳод муроҷиат намояд.

Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурори назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣва нақлиёт (прокуратураҳои поёнӣ) метавонанд аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кунанд, ки дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣоид ба масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣҳангоми баррасии парвандаҳои судӣба Пленумҳои Суди Олӣва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

БОБИ 6. НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢОИД БА РИОЯИ ИҶРОИ ҚОНУНҲО АЗ ТАРАФИ МАЪМУРИЯТИ ҶОЙҲОИ НИГОҲДОРИИ БОЗДОШТШУДАГОН, МАҲБУСОН, МУАССИСА ВА МАҚОМОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ҶАЗОИ ҶИНОӢ, ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ТАЪИНКАРДАИ СУД

Моддаи 44. Предмети назорат

Предмети назорат инҳо мебошанд:

-қонунӣбудани иқомати шахс дар ҷои нигоҳдории боздоштшудагон, хонаҳои қабулу тақсимкунӣ, ҷои ҳабси пешакӣ, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ва дигар ҷойҳое, ки чораҳои маҷбурии таъинкардаи судро иҷро менамоянд;

-риояи ҳуқуқу вазифаҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи боздоштшудагон, маҳбусон, маҳкумшудагон ва шахсоне, ки дучори чораҳои маҷбурӣшудаанд, тартиб ва шароити нигоҳдории онҳо;

-қонунӣбудани иҷрои ҷазое, ки бо маҳрумӣаз озодӣвобаста намебошад;

-қонунӣва асоснокии озод кардани маҳкумшудагон аз адои ҷазо бинобар ба итмом расидани мӯҳлати ҷазо, шартан, пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо аз рӯи беморӣ, маъюбӣ, иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ, татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо.

Моддаи 45. Ваколатҳои прокурор оид ба риояи иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигаҳдории боздоштшудагон, маҳбусон, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятӣ

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166)

Прокуроре, ки назорат мебарад, ҳуқуқдорад:

-ҳар вақт бидуни тафтиш ба мақомот ва муассисаҳои дар сархати якуми моддаи 44 ҳамин Қонун зикршуда дарояд;

-боздоштшудагон, ҳабсшудагон, маҳкумшудагон ва шахсонеро, ки ба чораҳои маҷбурӣгирифтор шудаанд, бозпурсӣнамояд;

-бо ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо ин шахсон боздошта, ҳабс, маҳкум ё ба чораҳои маҷбурӣгирифтор шудаанд, бо ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматӣшинос шавад (Қонуни конст.ҶТ аз 25.03.2011 № 688);

-риояи дақиқва иҷрои якхелаи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамударо дар бораи ҳуқуқи инсон, муносибати инсондӯстона бо маҳбусон ва маҳкумшудагон талаб намояд;

-аз маъмурият муҳайё кардани шароити таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон, маҳбусон, маҳкумшудагон ва шахсони ба чораҳои маҷбурӣгирифторшударо талаб намояд, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқбудани амру фармонҳо ва қарорҳои маъмурияти мақомот ва муассисаҳоеро, ки дар сархати якуми моддаи 44 Қонуни мазкур зикр ёфтаанд, санҷад, аз шахсони мансабдор баёнот талаб намояд, эътироз оварад, пешниҳод гузорад, парвандаҳои ҷиноятӣё истеҳсолотро оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, интизомӣва моддӣоғоз намояд;

-ба қарорҳои ғайриқонунии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар бораи пешниҳод ё ради пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои сабуктар эътироз оварад. То баррасии эътироз амали санади ба он эътирозовардашудаи маъмурияти муассиса боздошта мешавад;

-ҷазоҳои интизомиро нисбати шахсони маҳбус ва маҳкумшуда, ки дар сурати вайрон кардани қонун дода шудааст, бекор кунад, бо қарори худ онҳоро аз изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ, бинои навъи камеравӣ, картсер, камераи яккаса, изолятори (тавқивгоҳи) интизомӣфавран озод кунад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166);

-бо қарори худ мутобиқи тартиби муайянкардаи қонун шахси дар ҷойҳои маҳрумӣаз озодӣё муассисаҳои иҷрокунандаи чораҳои маҷбурӣғайриқонунӣнигоҳдошта, ғайриқонунӣбоздошташуда, ба ҳабси маҷбурӣгирифторшуда ё дар муассисаи судӣ-равонпизишкӣҷойгиршударо фавран озод кунад.

Моддаи 46. Ҳатмӣбудани иҷрои қарор ва талабҳои прокурор

Қарор ва талабҳои прокурор оид ба риояи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва шароити нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабсшудагон, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣва дигар ҷазоҳо маҳкумшудагон, ҳамчунин шахсоне, ки нисбаташон чораҳои маҷбурӣистифода шудаанд ё онҳо дар муассисаҳои судӣ-равонпизишкӣҷойгир карда шудаанд, аз тарафи маъмурият, инчунин мақомоте, ки ҳукми судҳоро нисбати шахсони ба ҷазои маҳрумӣаз озодӣалоқаманд набуда иҷро менамоянд, бояд ҳатман иҷро карда шаванд.

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ ПРОКУРАТУРА ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД, МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ, ДИГАР ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО

Моддаи 47. Предмети ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамуда ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқва дигар мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣва ташкилотҳои байналмилалӣба мақсадҳои зерин амалӣмегардонад:

-ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, дигар ҷинояткорӣва ҳуқуқвайронкуниҳо;

-ҷуброни зарари аз ҷинояткорӣрасонидашуда, иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ;

-расонидани кӯмаки ҳамдигарии ҳуқуқӣаз рӯи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣва ҷиноятӣ;

-ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои трансмиллӣва дигар ҷиноятҳо, кофтукови шахсони ҷиноятсодиркарда, барои ба ҷавобгарии муқарраркардаи қонун кашидан ё барои иҷрои ҳукм додани онҳо;

-пешгирӣкардани расмигардонии пул ва дигар воситаҳои бо роҳи ҷиноят ғуншуда, ба иқтисодиёт воридшавии сармояҳои бо роҳи ҷиноят ҷамъшуда, инчунин дигар шаклҳои ҷиноятҳои иқтисодӣ;

-такмил додани мураттабсозии байналмилалии ҳуқуқӣ, наздикшавии қонунгузории миллӣдар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣробитаҳои мустаҳкам барқарор менамояд, бо онҳо ҳамкорӣмекунад, оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣва мубориза бар зидди ҷинояткорӣшартномаҳо мебандад, дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад.

Моддаи 48. Принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣдар асоси принсипҳои зерин ҳамкорӣмекунад:

-эҳтиром кардани соҳибихтиёрии давлатҳо ва бемайлон риоя намудани қонунгузории миллӣва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;

-ҳамаҷониба ривоҷдодани ҳамкорӣва эътимод дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқва дигар мақомоти салоҳиятноки мамлакатҳои ҳамкорикунанда;

-афзалияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатҳои ҳамкорикунанда, инчунин меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

-баробарҳуқуқии тарафҳо;

-софдилона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ.

Моддаи 49. Ваколатҳои прокурор оид ба ҳамкории байналмилалӣ

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳамкории байналмилалӣҳуқуқу ваколатҳои пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар ҳалли масъалаҳои зерин истифода мебарад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166):

-лоиҳаи барномаҳои байнидавлатии чорабиниҳоро дар мубориза бо ҷинояти муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди давлатҳои ҳамкорикунанда таҳия мекунад, дар иҷрои чунин барномаҳо ширкат меварзад;

-гузаронидани амалиёти муштарак ва бомувофиқаи тафтишотӣва дигар чорабиниҳоро оид ба тафтишот ва пешгирии ҷиноятҳо дар ҳудуди мамлакатҳои ҳамкорикунанда ташкил менамояд ё ба он ёрӣмерасонад;

-кӯмаки бевоситаи ахборотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣва дигар ёрии пешбиникардаи қонун ё шартномаи байналмилалиро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои ҳамкорикунанда барои пешгирӣва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорон, иҷрои ҷазо ташкил менамояд ё амалӣмегардонад;

-дар тайёр кардани кадрҳои мақомоти прокуратура ва гузаронидани тадқиқоти илмӣдар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқва озодии инсон ва шаҳрванд кӯмак мерасонад ва кӯмак мегирад;

-дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии прокурорҳо иштирок мекунад;

-доир ба лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи тағйиру иловаҳо ба шартномаҳои амалкунанда пешниҳодҳо таҳия менамояд;

-дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣкардаанд, иҷро менамояд.

Моддаи 50. Воситаҳои ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии прокуратура

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣмутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, супоришҳо оид ба экстрадитсияи (додани) ҳуқуқвайронкунандагон дархост мефиристад ва дигар муроҷиатҳоро, ки дар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣпешбинӣшудаанд, иҷро менамояд.

Моддаи 51. Назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми амалӣгардонидани ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои чораҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣдар ҷараёни ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣбо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати дигар ба риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо назорат мебарад, дар ҳолати зарурӣба риояи қонунгузории мурофиавии давлати дархосткунанда назорат мекунад, агар дар ин бора дар қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондод ва хоҳиши муассисаи дархосткунанда мавҷуд бошад ва агар меъёрҳои дахлдор ба қонунгузории давлате, ки супоришро иҷро мекунад, мухолиф набошад, инчунин дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣкардаанд, иҷро менамояд.

Моддаи 52. Ҳалли масъалаҳое, ки аз созишномаҳои байнидавлатӣба миён меоянд

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣдар бораи кӯмаки ҳуқуқӣмасъалаи оғоз ва тафтиш кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани таҳқиқ, додани ҷинояткорон ё шахсоне, ки ба содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, фиристонидани ахборот дар бораи натиҷаҳои таъқиботи ҷиноятӣ, инчунин дигар масъалаҳоеро, ки ин созишномаҳо пешбинӣкардаанд, ҳал менамояд.

БОБИ 8. ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТ ВА МУАССИСАҲОИ ПРОКУРАТУРА. КАДРҲОИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Моддаи 53. Талабот нисбати шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то 35 сола аст, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣдоранд, забони давлатиро медонанд ва дорои сифатҳои лозимаи корию ахлоқӣбуда, аз рӯи вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузошта шуда қодир мебошанд, ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 28.06.2011 № 731).

Шахсоне, ки аз рӯи ихтисосашон таҷрибаи кофии амалӣнадоранд, дар мақомоти прокуратура ба мӯҳлати як сол коромӯзӣмекунанд.

Дар мавридҳои истисноӣПрокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдорад барои кӯтоҳнамудани мӯҳлати коромӯзӣё аз коромӯзӣозод кардан қарор қабул намояд. Тартиби гузаронидани коромӯзиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин мешаванд, савганди корманди прокуратураро бо мазмуни зайл ёд мекунанд:

"Дар роҳи хизмати содиқонаи қонун қадам ниҳода, тантанавор савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро софдилона риоя менамоям, ба ягон хел каҷравӣаз он роҳнамедиҳам, бар зидди ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарфи назар аз он, ки онро кӣсодир кардааст, мубориза мебарам, барои самаранок бурдани назорати прокурорӣва тафтишоти пешакӣҷидду ҷаҳд менамоям, манфиати шахс, ҷамъият ва давлатро фаъолона ҳимоя мекунам; нисбати таклифҳо, аризаҳо ва шикояти шаҳрвандон бо ҳушёрӣва диққат муносибат мекунам, ҳангоми ҳал кардани тақдири одамон беғаразӣва адолатро риоя менамоям, сирри давлатӣва сирри дигарро, ки қонун ҳифз менамояд, қатъӣнигоҳмедорам, тахассуси худро мунтазам такмил медиҳам, шарафи касбии худро азиз медорам, дар садоқатмандӣ, тозагии ахлоқӣ, хоксорӣнамунаи ибрат мешавам ва беҳтарин анъанаҳои прокуратураро муқаддас дониста, боз ҳам ривоҷмедиҳам.

Эътироф мекунам, ки агар ин савгандро шиканам, минбаъд барои дар мақомоти прокуратура будан муносиб нестам".

Тартиби қабули савгандро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣдошта бошанд, ки аз он 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ё дар вазифаҳои мақомоти олии қонунгузорӣё иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣкор карда бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 14.03.2014 № 1064).

Ба вазифаи прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 28 кам набошад ва собиқаи кории касбиашон дар мақомоти прокуратура аз 5 сол кам набошад.

Синни ниҳоии дар мақомоти прокуратура хизмат намудани кормандон барои мардон то 63-солагӣва барои занон то 58-солагӣмебошад.

Шахсоне, ки барои ҷинояткорӣмаҳкум шудаанд, ба истиснои шахсони сафедкардашуда аз ҷониби судҳо, наметавонанд ба вазифаи прокурор, ёрдамчии прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин шаванд.

Прокурор наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣбошад, бо соҳибкорӣмашғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣва омӯзгорӣ.

Собиқаи хизматӣдар мақомоти прокуратура ва тартиби ҳисоби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 54. Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти прокуратура

Ба прокурорҳо ва муфаттишон, кормандони муассисаҳои илмию таълимии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазифаи ишғолкардаашон ва собиқаи кор рутбаҳои дараҷавӣдода мешаванд.

Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти прокуратура аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣва аз онҳо маҳрум карданро Низомнома "Дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқмекунад, муайян менамояд.

Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣба кормандони прокуратураи ҳарбӣва аз онҳо маҳрум кардан мутобиқи боби 9 Қонуни конститутсионии мазкур ба танзим дароварда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Кормандони прокуратура аз рӯи тартибе, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, аз аттестатсия мегузаранд.

Моддаи 55. Ҳавасмандгардонӣва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратура

(Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166)

Номгӯи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратура ва тартиби татбиқи онҳоро Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқмекунад, муқаррар менамояд.

Кормандони мақомоти прокуратура барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣва меҳнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлатӣ, кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини риояи қонуният аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣсарфароз гардонида мешаванд.

Кормандони мақомоти прокуратура барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории "Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон" сазовор гардонида, ба онҳо Нишони сарисинагӣва Ифтихорномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣбо унвони ифтихории "Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда мешавад.

Нисбати қарорҳои роҳбарони мақомоти прокуратура аз рӯи баҳсҳои меҳнатӣба прокурори болоӣё суд шикоят кардан мумкин аст (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 56. Таъминоти моддию иҷтимоии кормандони прокуратура

Музди меҳнати кормандони мақомоти прокуратура аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ(дараҷавӣ) ва собиқаи хизмат иборат аст. Иловапулӣбарои собиқаи хизмат ҳамчунин ба он кормандони мақомоти прокуратура дода мешавад, ки рутбаи тахассусӣ(дараҷавӣ) надоранд. Маоши вазифавӣ, андоза ва тартиби додани иловапулиҳои кормандони мақомоти прокуратураро барои рутбаҳои тахассусӣ(дараҷавӣ) ва собиқаи хизмат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156).

Хориҷкарда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156).

Хориҷкарда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156).

Хориҷкарда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156).

Хориҷкарда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156).

Прокурорҳо, муфаттишон ва аъзои оилаҳои онҳо бо тартибе бо нафақа таъмин мешаванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣва аъзои оилаи онҳо муқаррар кардааст.

Ба прокурорҳо ва муфаттишон ҳангоми ба нафақа баромадан, дар сурати доштани на камтар аз 10 соли собиқаи хизмат дар мақомоти прокуратура ё ҳангоми маъюбӣдар ҳаҷми музди меҳнати даҳмоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад.

Ҳангоми озод шудани шахсони мазкур аз хизмат бинобар содир кардани кирдори доғдоркунанда ёрдампулӣдода намешавад.

Прокурорҳо ва муфаттишон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиашон дар асоси шаҳодатномаи хизматӣҳуқуқдоранд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми навъҳои нақлиёти ҷамъиятии хатти ҳаракати байниноҳиявӣ, байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣва маҳаллӣ(ба ғайр аз таксӣ), дар қишлоқҳо аз тамоми нақлиёти ҳамсафар, кормандони прокуратураҳои нақлиётӣбошанд, дар ҳудуди минтақаҳои хизматиашон аз тамоми навъҳои нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравиашон, ройгон истифода баранд.

Ҳангоми ба сафари хизматӣбаромадан онҳо ҳуқуқдоранд, ки дар меҳмонхонаҳо ҷой брон кунанд, бенавбат ҷой гиранд ва барои тамоми навъҳои нақлиёт бенавбат чипта гиранд.

Ба прокурорҳо ва муфаттишон ҳангоми ба нафақа баромадан, дар сурати доштани на камтар аз 10 соли собиқаи хизмат дар мақомоти прокуратура ё ҳангоми маъюбӣдар ҳаҷми музди меҳнатӣсемоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156, аз 01.08.2012 № 876).

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣвазифадоранд, ки ба прокурорҳо ва муфаттишони ба вазифа таъиншуда, ҳамчунин ба эҳтиёҷмандони беҳтар кардани шароити манзилӣба шакли ҳуҷраи алоҳида аз хонаи фонди давлатӣё фонди дигари манзилӣдар навбати аввал, вале на дертар аз 6 моҳ, новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣкарданашон, манзили истиқоматии хизматӣдиҳанд. Прокурорҳо ва муфаттишон ба масоҳати иловагии манзил ҳуқуқдоранд.

Дар сурати вафоти прокурорҳо ва муфаттишон ба ворисонашон дар ҳаҷми музди меҳнати панҷмоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 01.08.2012 № 876).

Хориҷкарда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 156).

Бо ризоияти прокурорҳо ва муфаттишон ба онҳо ба ҷои хонаи истиқоматӣаз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣқарзи бефоиз барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.

Ба прокурорҳо ва муфаттишон ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳзиндагикунанда дар хонаҳои фонди давлатӣва фонди дигари манзилӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар хонаҳои хусусикардашуда зиндагӣмекунанд, хонапулӣва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ(ба истиснои барқва газ), пули телефон, новобаста аз навъи фонди манзилӣ50 фоиз кам карда мешавад.

Дар хонаҳои истиқоматие, ки прокурорҳо ва муфаттишҳо зиндагӣмекунанд, бенавбат телефон гузаронида мешавад. Аз рӯи ҳамин тартиб дар муассисаҳои томактабии бачагона, мактабинтернатҳо, муассисаҳои табобатии тобистона барои фарзандони прокурорҳо ва муфаттишон ҷой муҳайё карда мешавад.

Кормандони макомоти прокуратура баъди баромадан ба нафақа аз ҳуқуқу имтиёзҳое, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣпешбинӣкардааст, аз ҷумла аз таъминоти тиббии муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудаанд, истифода мебаранд.

Моддаи 57. Чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣва иҷтимоии прокурорҳо ва муфаттишҳо

Прокурорҳо ва муфаттишҳо намояндагони ҳокимияти давлатӣбуда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Хешовандони наздики онҳо, дар мавридҳои истисноӣбошад, шахсони дигар, ки ба ҳаёт ва саломатиашон ба мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии прокурорҳо ва муфаттишон қасд карда мешавад, ҳамчунин моликияти онҳо таҳти чунин ҳимоя қарор доранд.

Тартиб ва шароити ба амал баровардани ҳимояи давлатии прокурорҳо ва муфаттишонро қонун муайян мекунад.

Прокурорҳо ва муфаттишон, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳалок шудаанд, ҳамчунин прокурорҳо ва муфаттишони аз хизмат ҷавобшудае, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣгирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз ҳисоби маблағе дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани мақомоти прокуратура ҷудо карда шудааст.

Прокурорҳо ва муфаттишон барои ба таври доимӣгирифта гаштан ва нигоҳдоштани силоҳи оташфишони хизматӣ, воситаҳои махсус ва истифодаи онҳо аз рӯи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҳуқуқдоранд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 973).

Прокурорҳо ва муфаттишон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣба ҳаҷми 8-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон ҳатман суғуртаи шахсии давлатӣкарда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 01.08.2012 № 876).

Мақомоти суғуртаи давлатӣмаблағи суғуртаро дар мавридҳои зайл медиҳанд:

- агар прокурор ё муфаттиш дар давраи кор дар натиҷаи расонидани ҷароҳати ҷисмонӣё зарари дигаре ба саломатӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон вобаста аст, ҳалок шуда бошанд, ба ворисонашон ба ҳаҷми 8-каратаи музди миёнаи якмоҳаи прокурор ё муфаттиш (Қонуни конст. ҶТ аз 01.08.2012 № 876, аз 31.12.2014 № 1166);

- ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматӣрасонидани ҷароҳати ҷисмонӣё зарари дигаре ба саломатиашон, ки минбаъд ба фаъолияти касбӣмашғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, ба ҳаҷми 6-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон (Қонуни конст. ҶТ аз 01.08.2012 № 876, аз 31.12.2014 № 1166);

- ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматӣ  расонидани ҷароҳати ҷисмонӣё зарари дигаре ба саломатиашон, ки дар натиҷаи он қобилияти кориашон пурра гум нашуда, ба қобилияти минбаъд машғул шудан ба фаъолияти касбӣасар накардааст, ба маъюбони гурӯҳи II ба ҳаҷми 5-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон ва ба маъюбони гурӯҳи III ба ҳаҷми 4-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон (Қонуни конст. ҶТ аз 01.08.2012 № 876, аз 31.12.2014 № 1166);

Агар ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи фаъолияти хизматиашон ҷароҳати ҷисмонӣё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд бо фаъолияти касбӣмашғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, барояшон ҳар моҳфарқи байни музди миёнаи якмоҳа ва нафақаи ба ҳамин муносибат таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии шахсии давлатӣгирифта шудааст, ҷубронпулӣдода мешавад.

Агар прокурор ё муфаттиш вобаста ба фаъолияти хизматиашон ҳалок шаванд (вафот кунанд), дар натиҷаи вобаста ба фаъолияти хизматӣба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣё ба саломатиашон зарари дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилае, ки дар таъминоти онҳо мебошанд, фарқи байни ҳиссаи барояшон баробаршавандаи қисми музди миёнаи меҳнати ҳалокшуда (вафоткарда) ва нафақаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии давлатӣгирифта шудааст, ҳар моҳҷубронпулӣдода мешавад. Барои муайян кардани ин қисми музди миёнаи меҳнати ҳалокшуда (вафоткарда) ба шумораи аъзои оилаи дар таъминоташбуда, аз ҷумла аъзои қобили меҳнат тақсим карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 01.08.2012 № 876, аз 31.12.2014 № 1166).

Барои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ҳуқуқи гирифтани манзили ободи истиқоматӣбо шарту асосҳое, ки то лаҳзаи ҳалок шудани (вафот кардани) прокурор ё муфаттиш ҷой доштанд, нигоҳдошта мешавад.

Зараре, ки аз несту нобуд ё хароб кардани амволи прокурор ё муфаттиш ё ин ки амволи аъзои оилаи онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон расидааст, дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣҷуброн мегардад.

Асос барои надодани суғуртапулӣва ҷубронпулии дар ҳамин модда пешбинишуда фақат ҳукм ё қарори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба ҳалокшавии (вафот кардани) прокурор ё муфаттиш, ба онҳо расонидани ҷароҳати ҷисмонӣё нобуду хароб кардани амволи ба онҳо тааллуқдошта айбдор дониста шудааст ва мувофиқи қарори дахлдор муқаррар шудааст, ки ин ҳодиса ба иҷрои вазифаи хизматиашон вобастагӣнадорад (Қонуни конст. ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 58. Хориҷкарда шуд

(Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 974)

БОБИ 9. ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛ ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ

Моддаи 59. Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд мақомоти прокуратураи ҳарбӣ) ба сохтори ягонаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ба Прокурори генералӣтобеъ мебошанд.

Ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣмуовини Прокурори генералии Ҷумҳурии ТоҷикистонСарпрокурори ҳарбӣроҳбарӣмекунад. Сохтор ва шумораи кормандони прокуратураи ҳарбӣаз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ваколатҳои худро мақомоти прокуратураи ҳарбӣдар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, ба амал мебароранд.

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки дар он Сарпрокурори ҳарбӣ(раис), муовинони ӯ(аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони прокуратураи ҳарбӣдохил мешаванд.

Шумора ва ҳайати шахсии мушовара бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералӣмуайян ва тасдиқкарда мешавад.

Моддаи 60. Ваколатҳои прокурорҳои ҳарбӣ

Сарпрокурори ҳарбӣва прокурорҳои ба вай тобеъ дар доираи салоҳияташон дорои ваколатҳое мебошанд, ки Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣмуқаррар кардаанд ва новобаста аз роҳбарияти мақомоти идораи ҳарбӣдар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро амалӣменамоянд.

Прокурорҳои ҳарбӣҳуқуқдоранд:

-дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, шӯроҳои ҳарбӣ, ҷаласаҳои машваратии мақомоти идораи ҳарбӣиштирок кунанд;

-ревизияву тафтишоти ғайриидоравӣтаъин кунанд, ки хароҷоти гузаронидани онҳоро мутобиқи қарори прокурор мақомоти идораи ҳарбие мепардозанд, ки қисмҳои ҳарбӣва муассисаҳои мавриди тафтиш қарор гирифта дар таъминоти ин идора мебошанд;

-таъмини муҳофизат, нигоҳдоштан, посбонӣкарда бурдани шахсони дар гаупвахтаи гарнизон ва қисмҳои ҳарбӣбуда ва дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон ва маҳбусонро аз қисмҳои дахлдори ҳарбӣ, посбонони қӯшуни дохилӣ, мақомот ва муассисаҳои корҳои дохилӣталаб кунанд;

-аз гауптвахта, ҷойҳои дигари нигоҳдории боздоштшудагон ва маҳбусон шахсонеро фавран озод кунанд, ки ғайриқонунӣдар он ҷо нигоҳдошта мешаванд;

-дигар ваколатҳои дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣгардонанд.

Моддаи 61. Кадрҳои прокуратураи ҳарбӣ

Ба вазифаи прокурорҳо ва муфаттишони прокуратураи ҳарбӣафсароне таъин карда мешаванд, ки ба хизмати ҳарбӣдаъват шудаанд ва ба талаботи моддаи 53 Қонуни конститутсионии мазкур ҷавоб медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣаз рӯи тартиби муқарраркардаи қисми 2 моддаи 14  Қонуни конститутсионии мазкур ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Муовини аввал ва муовинони Сарпрокурори ҳарбиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, ки ба мӯҳлати 5 сол аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбӣба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ба Сарпрокурори ҳарбӣва Прокурори генералӣтобеъ буда, ба онҳо ҳисобот медиҳанд.

Сардорони шӯъбаҳои Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони прокурори ҳарбии гарнизонҳо бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Прокурорҳои калони ҳарбӣ, прокурор-криминалисти калони ҳарбӣ, прокурорҳои ҳарбӣ, ки дар як вақт ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Сарпрокурори ҳарбӣмебошанд, муфаттишони калон ва муфаттишони оид ба корҳои махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуроркриминалистони прокуратураи ҳарбӣ, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиён, муфаттишони калон ва муфаттишони прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо аз тарафи Сарпрокурори ҳарбӣба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Афсарони мақомоти прокуратураи ҳарбӣвазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро доранд ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣва хизмати ҳарбӣ" хизмат карда, дорои тамоми ҳуқуқу имтиёзҳое мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар кардааст.

Даъват ва дохил шудани шаҳрвандон ба хизмати харбии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ба эҳтиёт ҷавоб шудан ва ба истеъфо рафтанашон мувофиқи пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбӣмутобиқи тартиби муқарарраркардаи қонун сурат мегирад.

Вазифаҳои прокурорҳои ҳарбӣва муфаттишон ва рутбаҳои ба онҳо мувофиқба рӯйхати вазифаҳои ҳарбӣдохиланд.

Рутбаҳои ҳарбӣба прокурорҳо ва муфаттишони ҳарбӣмувофиқи пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартибе ба амал бароварда мешавад, ки барои хизматчиёни ҳарбӣмуқаррар шудааст ва аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои ҳайати олии афсариро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

Рутбаҳои ҳарбии афсарони мақомоти прокуратураи ҳарбӣба рутбаҳои дараҷавии кормандони прокуратура мувофиқаст.

Прокурорҳои ҳарбӣва муфаттишон мутобиқи Низомнома дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд ва ба ҷавобгарии интизомӣкашида мешаванд. Ҳуқуқи ҳавасманд кардан ва ба ҷавобгарии интизомӣкашиданро Сарпрокурори ҳарбӣва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

Шумораи штатии хизматчиёни ҳарбӣва шахсони ҳайати гражданӣба мақомоти прокуратураи ҳарбӣмувофиқан аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣҷудо карда мешавад. Шумораи ҳайати шахсии прокуратураи ҳарбӣба шумораи штатии Қувваҳои Мусаллаҳдохил мегардад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти мақомоти прокуратураи ҳарбӣбо Низомнома "Дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқмекунад, ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 62. Таъминоти моддӣва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

Нисбати хизматчиёни ҳарбии мақомоти прокуратураи ҳарбӣталаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолатҳои ҳуқуқӣва иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, тиббӣва дигар намудҳои таъминоти хизматчиёни ҳарбиро муқаррар менамояд, татбиқмегардад.

Ба шахсони ҳайати гражданӣ, ки прокурор ва муфаттиши ҳарбӣнамебошанд, иловапулӣбарои дараҷаҳои тахассусӣмувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Моддаи 63. Таъминоти молиявӣва моддию техникии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

Таъминоти молиявии мақомоти прокуратураи ҳарбӣаз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣсурат мегирад.

Таъминоти моддию техникии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, барои онҳо ҷудо кардани биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар навъҳои таъминот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣамалӣмегардад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣвазифадоранд прокуратураҳои дар ҳудудашон воқеъгардидаро бо бинои хизматии муносиб ва кормандони онҳоро дар навбати аввал, вале на дертар аз 6 моҳновобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣкарданашон бо бинои хизматии истиқоматӣтаъмин намоянд.

Биноҳои хизматии мақомоти прокуратураи ҳарбиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қисмҳои ҳарбии наздиктарини ҷойгиршуда (новобаста аз тобеияташон) тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат мекунанд.

БОБИ 10. МАСЪАЛАҲОИ ДИГАРИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Моддаи 64. Муассисаҳои илмию таълимӣва муассисаҳои дигари мақомоти прокуратура

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои тадқиқоти илмӣ, такмили ихтисоси кормандони прокуратура муассисаҳои илмию таълимӣташкил карда, адабиёти махсус нашр кунад ва нашрияи худро дошта бошад.

Дар назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани таклифҳо ҷиҳати беҳтар намудани ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура Шӯрои илмию методӣамал мекунад.

Моддаи 65. Таъминоти молиявӣва моддию техники мақомоти прокуратура

Таъминоти молиявӣва моддию техникии мақомоти прокуратура аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣсурат мегирад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣагар лозим донанд, барои таъмири биноҳои прокуратура, ҷиҳозонии техникии он аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣёрӣмерасонанд.

Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникии мақомоти прокуратураро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Таъминоти молиявии фаъолияти мақомоти прокуратура аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣвазифадоранд, ки мақомоти прокуратураи дар қаламравашон ҷойгиршударо бо биноҳои муносиби хизматӣтаъмин кунанд.

Мақомоти прокуратура аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби марказонидашуда аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣбо нақлиёт ва воситаҳои техникӣтаъмин карда мешаванд.

Муҳофизати биноҳо ва амволи прокуратура ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣгузошта мешавад.

Моддаи 66. Ҳисоботи оморӣ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар бораи ҷинояткорӣ, ошкор кардани ҷиноятҳо, кори тафтишотӣва назорати прокурорӣба иҷрои қонунҳо, инчунин тартиби ягонаи таҳия ва ба мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисоботи омориро муқаррар мекунад.

Моддаи 67. Мӯҳр ва Нишони мақомоти прокуратура

(Қонуни конст. ҶТ аз 31.12.2014 № 1166)

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо, дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда ва Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣбуда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи пурраи прокуратура ба забони давлатӣмебошад.

Мақомоти прокуратура дорои Нишони фарқкунанда мебошад.

Низомнома дар бораи Нишони мақомоти прокуратура, тасвир ва тавсифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 68. Шаҳодатномаи кормандони мақомоти прокуратура

Кормандони мақомоти прокуратура шаҳодатномаи хизматӣдоранд. Низомнома дар бораи шаҳодатномаи хизматии кормандони мақомоти прокуратура ва намунаи он аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда мешавад.

Шаҳодатномаи хизматӣҳуҷҷатест, ки шахсияти корманди прокуратура, рутбаи дараҷавӣва вазифаи ӯ, ҳуқуқи гирифта гаштан ва нигоҳдоштани силоҳро тасдиқмекунад.

Шаҳодатномаи хизматии Прокурори генералӣ, муовини якум  ва муовинони ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 31.12.2014 № 1166).

Моддаи 69. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Бинобар қабули Қонуни конститутсионии мазкур Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, № 5-6, моддаи 146, с.1997, № 9, моддаи 415) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 70. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе

25 июли соли 2005 № 107

Мо, халқи Тоҷикистон,
қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,
таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,
озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,
баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,
бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

БОБИ ЯКУМ.

АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНИ

Моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд

Моддаи 2. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халкиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндаги мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Моддаи 3. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

Моддаи 4. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.

Моддаи 5. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи 6. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандониТоҷикистон ташкил менамоянд.
Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъияти, ҳизбҳои сиёси, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.
Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Моддаи 7. Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.
Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.
Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои марзиву маъмуриро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 8. Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва ҳизбҳои сиёси дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯри сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Моддаи 9. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 10. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Моддаи 11. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Ташвиқоти ҷанг манъ аст.
Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.
Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкори мекунад.

Моддаи 12. Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медихад.

Моддаи 13. Замин, сарватҳои зеризамини, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табий моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

БОБИ ДУЮМ.

ҲУҚУҚ, ОЗОДИ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Моддаи 14. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалли ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Моддаи 15. Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Тартиби ба шаҳрвандӣ қабул шудан ва аз он хориҷ гардиданро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 16. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷи супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбини намудааст.
Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

Моддаи 17. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Моддаи 18. Ҳар кас ҳаққи зиндаги дорад.
Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.
Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсони раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

Моддаи 19. Ҳар кас кафолати ҳифзи суди дорад. Ҳар шахс Ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, барраси намояд.
Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Моддаи 20. Ҳеч кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгари кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.
Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонуни барои он ҷазо пешбини нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбини шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.
Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

Моддаи 21. Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи суда ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

Моддаи 22. Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Моддаи 23. Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефони, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Моддаи 24. Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад.

Моддаи 25. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёси ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 26. Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои дини иштирок намояд.

Моддаи 27. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурси иштирок кардан надоранд.
Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад.

Моддаи 28. Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёси, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёси барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.

Моддаи 29. Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамои, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.
Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

Моддаи 30. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажоди, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

Моддаи 31. Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

Моддаи 32. Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Товони зарари модди ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо руёнида мешавад.

Моддаи 33. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳи манъ аст.

Моддаи 34. Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Моддаи 35. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.
Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.
Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Моддаи 36. Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 37. Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 38. Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад.
Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 39. Ҳар шахс дар пиронсоли, ҳангоми беморӣ, маъюби, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимои дорад.

Моддаи 40. Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.
Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.
Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст.

Моддаи 41. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлати кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гиад.
Шаклҳои Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 42. Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Моддаи 43. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 44. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳанги вазифаи ҳар як шахс аст.

Моддаи 45. Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад.
Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

Моддаи 46. Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табий, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад.
Мӯҳлати вазъияти фавқулодда то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарури ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

Моддаи 47. Дар давраи вазъияти фавқулодда ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25,28-и Конститутсия пешбини шудааст, маҳдуд карда намешавад.
Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулоддаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

БОБИ СЕЮМ.

МАҶЛИСИ ОЛӢ

Моддаи 48. Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 49. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳони сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касби мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳони интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъвати мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад.
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
Қонуни конститутсионӣ шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро танзим мекунад.

Моддаи 50. Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарби ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.
Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндаги бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 51. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазири дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахси қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.
Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 52. Иҷлосияи якӯми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иҷлосияи якӯми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси милли соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое барраси мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

Моддаи 53. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якӯм ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад.
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якӯм ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбари мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламенти доир мекунанд.
Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидаги ҷаласа мегузаронанд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

Моддаи 54. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Моддаи 55. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:
1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷори намудани Ҳолати ҷанги ва вазъияти фавқулодда;
3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
4. Таъини интихоботи Президент;
5. Қабули истеъфои Президент;
6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидаги овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хоричии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Моддаи 56. Салоҳияти Маҷлиси милли:
1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо;
2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иқтисоди бо пешниҳоди Президент;
3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
5. Амалӣ намудани ваколатҳои днгаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси миллӣ аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор кабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Моддаи 57. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъияти;
3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
6. Таъини раъйпурсӣ;
7. Таъсиси судҳо;
8. Тасдиқи рамзхон давлатӣ;
9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъии ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовннони ӯ;
11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
12. Муайян намудани маоши Президент;
13. Амали намудани ваколатҳои дигаре, ки Констнтутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷи метавонанд суханрони кунанд.

Моддаи 58. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Моддаи 59. Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.
Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Моддаи 60. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлати ва авф.
Маҷлиси милли қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдори мекунад. Дар мавриди дастгири наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон барраси мешавад.
Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норози будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Қонунҳо дар бораи буҷети давлати ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Моддаи 61. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдори мекунад.
Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норози будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсиони ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Тафсири Конститутсияро Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби мазкур барраси намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул менамояд.
Моддаи 62. Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба Қонун ё қисми он рози набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрори қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгири ёбад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдори мекунанд.
Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрори қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Моддаи 63. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

БОБИ ЧАҲОРУМ.

ПРЕЗИДЕНТ

Моддаи 64. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 65. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умуми, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳони ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.
Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.
Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Моддаи 66. Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.
Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.
Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсиони муайян мекунад.

Моддаи 67. Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:
"Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям".
Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

Моддаи 68. Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

Моддаи 69. Салоҳияти Президент:
1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндаги мекунад;
3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медихад;
4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад;
фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешиҳод менамояд;
6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
8 . Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;
10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбари мекунад;
12. Шӯрои адлияро таъсис медиҳад;
13. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят,  шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия таъин ва озод мекунад;
14. Раъйпурси, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;
15. Ба қонунҳо имзо мегузорад;
16. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
17. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад;
18. Ба татбиқи сиёсати хориҷи роҳбари мекунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
19. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;
20. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
21. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад;
22. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеи ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
23. Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;
24. Дар саросари ҷумҳури ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
25. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
26. Паноҳгоҳи сиёси медиҳад;
27. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
28. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;
29. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
30. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

Моддаи 70. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Моддаи 71. Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якӯми ӯ мегузарад.
Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидаги овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.
Дар сурате, ки Президент бинобар бемори вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз мӯҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

Моддаи 72. Президент ҳуқуқи дахлнопазири дорад.
Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидаги овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

БОБИ ПАНҶУМ.

ҲУКУМАТ

Моддаи 73. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якӯм ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлати иборат аст.
Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисоди, иҷтимоӣ, фарҳанги ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Аъзои Ҳукумат наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндаги бошанд, ба соҳибкори машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷоди ва омузгори.

Моддаи 74. Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмист.
Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад.
Ҳукумат дар мавриди ғайри имкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.
Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 75. Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири қасри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

БОБИ ШАШУМ.

ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛИ

Моддаи 76. Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндаги ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Моддаи 77. Мақомоти намояндагон маҳалли дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбари мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.
Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амали месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Моддаи 78. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия амали мегардонад.
Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию марзи раис сарвари мекунад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.
Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.
Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

Моддаи 79. Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқи қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он қаламрав ҳатмист.
Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндаги ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болои, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

Моддаи 80. Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.

БОБИ ҲАФТУМ.

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ ҚӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Моддаи 81. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.

Моддаи 82. Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

Моддаи 83. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанги ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад,

БОБИ ҲАШТУМ.

СУД

Моддаи 84.Ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсиони, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят вашаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Мӯҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.
Ташкили суди фавқулодда манъ аст.

Моддаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисоди, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносе интихоб ва таъин мешавад, ки синни ӯ аз 30-сола кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судяги дошта бошад.
Ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди ҳарбӣ, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки синни ӯ аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касби дошта бошад.

Моддаи 86. Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия Президент таъин ва озод мекунад.

Моддаи 87. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Моддаи 88. Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъи ва ё танҳо барраси мекунанд.
Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.
Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

Моддаи 89. Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ ҳуқуқшиносе интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касби дошта бошад.
Салоҳияти Суди конститутсионӣ:
1 ) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон. Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;
2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлати доир ба салоҳияти онҳо;
3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қоннҳо муайян кардаанд.
Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист

Моддаи 90. Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндаги, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкори машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 91. Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.

Моддаи 92. Ёрии ҳуқуқи дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.
Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.

БОБИ НӮҲУМ.

ПРОКУРАТУРА

Моддаи 93. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

Моддаи 94. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарвари мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

Моддаи 95. Прокурори генералии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад.
Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.
Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 96. Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

Моддаи 97. Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

БОБИ ДАҲӮМ. 

ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ

Моддаи 98. Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.
Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

Моддаи 99. Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.
Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурси дар матбуот чоп мешавад.

Моддаи 100. Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.