Маҷалла

ВАҲОБОВ  ВАЛИ  МАНОНОВИЧ

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 июни соли 1963 дар  ноҳияи  Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст

Миллат - тоҷик                              

Соли 1988 факултети ҳуқуқшиносииДонишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст

Аз июли соли 1988 - ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
Аз июни соли 1990 - муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе
Аз сентябри соли 1990 – прокурори шӯъбаи назорати риояи қонунҳо дар мақомоти амният ва муносибатҳои байналмилалии прокуратураи РСС Тоҷикистон
Аз ноябри соли 1993 – муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе
Аз феврали соли 1994 - ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе
Аз октябри соли 1994 - муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз феврали соли 1995 – муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз майи соли 1999 – муовини аввали Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз августи соли 2005 – прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе
Аз сентябри соли 2010 - прокурори калони ҳарбии шӯъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ноябри соли 2010 – сардори шӯъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 5 марти соли 2015 Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Генерал-майори адлия
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд
Соли 1999 бо Ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст