ХАБАРИ МАТБУОТӢ оиди сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар (17 - 18 феврали соли 2024)
17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Санаи 02 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Хабарҳо
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
10 январи соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф баргузор гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини волояти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли 2024 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда баромад намуд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушторҳои дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд рухдодаро тафтиш намуда истодааст.
Ҷиноят кушода шуда, айни ҳол бо парвандаи ҷиноятӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердиев Солехҷон Набиевич, таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Тухтаев Аҳадҷон Насибҷонович, таваллудаш 10 майи соли 1997, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Равшанов Бахтиёр, таваллудаш 29 майи соли 1988, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор ва Одилов Манучеҳр Солиҷонович, таваллудаш 22 апрели соли 1996, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоев дастгир гардиданд. Фаъолияти гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 декабри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-поковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, прокуророн ва сардорони раёсатҳои ВКД ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ифтитоҳи бинои прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бинои прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур ҷиҳати таъминоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шароити хуби корӣ, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, бо техника ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Вақтҳои охир дар расонаҳои васоити ахбори омма ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабару маълумотҳо дар бораи аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тӯҳмати кормандони мақомоти прокуратура дар ришвагирӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҳимоятгар Юлдашев Ф.О. (Файзи Олӣ) ва ба суд дода шудани ӯ паҳн шуда истодааст.
Ба маълумоти шаҳрвандон эҳтиромона расонида мешавад, ки моҳи феврал-марти соли 2023 дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон азонихудкунии 4672,8 ҳазор сомонии маблағҳои ҷамъияти мазкур аз ҷониби масъулин ошкор карда шуда, маводҳо барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.
31 марти соли 2023 дар асоси маводҳои санҷишӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъулини ҷамъияти номбурда Ҳамроҳзода Шамсулло, Шамсуллозода Шукрулло ва Орипов Холмаҳмад бо банди “б” қисми 4 моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
24 майи соли 2023 дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур Ҳамроҳзода Ш. ба ҳимоятгар Юлдашев Ф.Ш. ваколатнома барои ҳимояи ҳуқуқҳояш дар рафти тафтишоти пешакӣ, баррасии судӣ ва дигар мақомот додааст.
Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 7 марти соли 2024 Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш. ва Орипов Х.Г. дар содир намудани ҷинояти зикршуда гунаҳгор дониста, маҳкум карда шудаанд.
Амали ғайриқонуни истифода бурдани маблағҳои қарзи бонки боиси маҳкум гардидани Ошурбеков Ҷ. гардид.
- Подробности
- Просмотров: 7027
Ошурбеков Ҷомӣ Мамадаминович истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим деҳаи Башор ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо мақсади тасарруфи маблағҳои ба тариқи кредит додашуда, 07 октябри соли 2015 дар асоси шартномаи сетарафаи №071015/0004-01 аз БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҳисоби маблағҳои гардиши Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳаҷми 400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ карзи имтиёзноки миёна муҳлат таҳти 12%-и солона ба муҳлати 2 сол, барои таъсис додани сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот, гирифтааст.
Ошурбеков Ҷ.М. маблағҳои қарзии гирифтаашро барои таъсиси сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот сарф накарда, ин маблағҳоро ғайримақсаднок ба манфиати шахсиаш истифода карда, бо ҳамин маблағҳои пулиро тасарруф намуда, то ин давра ба Муассиса ба маблағи 130307 сомонй пардохт намуда, боқимонда маблати 269 693 сомониро барнагардонида, бо ин кирдораш ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарари махсусан калони моддй расонидааст.
Оиди ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокурори ноҳияи Ишкошим санаи 22.09.2018 сол нисбати Ошурбеков Ҷомй Мамадаминович бо моддаи 246 қисми 3 банди “б” (барои ғайриқонуни истифода намудани маблағҳои карзи бонкӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтишотӣ пешакй бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ишкошим аз 05 декабри 2018 Ошурбеков Ҷомӣ Мамадаминович ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳруми бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр адои ҷазо таъйин карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ
Фотогузоришҳо