Аз 26 то 28 июни соли 2024 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчоягӣ бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомоти давлатӣ дар 12-ум Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар Форуми мазкур инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви ИДМ ва дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Ба иштирокдорони Форум намоишгоҳҳои гуногун, аз қабили дастовардҳои охирини мақомоти давлатии Федератсияи Россия, роҳҳои иноватсионии ҳалли мушкилот ва масъалаҳои ҷорӣ манзур гардиданд.
Ҳамзамон дар Форум усулҳои омӯзиш ва гузаронидани экспертизаҳои судӣ ва дигар воситаҳои муосири криминалистӣ, ки ба тафтиши самаронокии ҷиноятҳо ва ошкор кардани шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Маркази экспертизаҳои судии назди Вазорати адлияи Федератсияи Россия, Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат мегарданд, муаррифӣ карда шуданд.
Инчунин, дар рафти Форум ба шарофати яке аз ҳуқуқшиноси барҷастаи Федератсияи Россия, судя, айбдоркунандаи давлатӣ ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Кони Анатолий Фёдорович намоишгоҳ ташкил гардида буд, ки дар он ашёҳои шахсӣ, аксҳо ва парвандаҳои овозадори ӯ намоиш дода шуданд.
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон