5 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бинои прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур ҷиҳати таъминоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шароити хуби корӣ, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, бо техника ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншоот 5 ошёна буда, аз 55 ҳуҷраи корӣ, 13 толор, 2 маҷлисгоҳ бо беш аз 173 ҷойи нишаст, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.
Мавҷуд будани таҷҳизотҳои замонавӣ, толори барҳавои баргузории машғулиятҳои таълимӣ, семинару конференсияҳо ва дигар технологияи насбгардида ба кормандони Донишкада имконият медиҳад, ки чорабиниҳоро дар сатҳи баланди касбӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронида, корҳои илмӣ тадқиқотиро самаранок вусъат бахшида, дар баланд бардоштани донишу малака ва такмили ихтисоси кормандон саҳмгузор бошад.
Дар баробари сохтмони бинои мазкур ҳамзамон атрофи бино ободу зебо гардонида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳаёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои қонунҳои амалкунанда ҷалб намуданд.
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги
қонунгузорӣ ва маркази матбуоти
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон