01.07.2024 сол бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президента мамлакат дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ, давлати дунявӣ ва пешгирӣ аз ифротишавии мафкураи ҷомеа бармеоянд ва Нақшаи амали Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир: пешгирӣ ва тавонбахшӣ” баргузор гардид.

Конференсия бо суханҳои ифтитоҳии роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ, шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Барномаи рушди СММ дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт.

Дар кори конференсия, ки ба мавзуъҳои мубрами рӯз - асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҳамкорӣ ва дастгирии ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар пешгирии ин зуҳурот, барқарорсозӣ ва офиятбахшии аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашудагон: ҳадаф, усул ва мушкилоти он бахшида шуда буд, роҳбарият ва намояндагони зиёда аз 54 вазорату идораҳо, ташкилотҳои хориҷӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо муҳтавои Стратегияи дар боло зикршуда, Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027, Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорой гузаштаи экстремиста ё террориста дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳти баррасӣ қарор до да шуда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо шарикони рутттд ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии Стратегия таъкид гардида, нақша ва ташаббусҳои ояндаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян карда шуданд.