15 майи соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, инчунин интиқол ва истирдоди маҳбусон ва дастгир намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доранд, муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҳама гуна ҷиноятҳо байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.