Прокуратураи вилояти Суғд мақолаи ”Суғд: Лифт пулакӣ аст?”-ро, ки дар рӯзномаи "Фараж" №26 (447) аз 24.06.с.2015 ба нашр расидааст, мавриди санҷиш қарор дод.
Муқаррар гардидааст, ки дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд 4 лифт мавҷуд буда, мӯҳлати хизматрасонии 2 адади онҳо аз 30 сол зиёд гузашта, онҳо корношоям шудаанд...
Моҳи январи соли 2015 ду лифти асосии даромадгоҳи беморхона ба маблағи 670 ҳазор сомонӣ иваз карда, аз санҷиши техникӣ гузаронида, ба истифода дода шудааст. Ду лифти нави боркашон барои пирону барҷомондагон, маъюбону беморони вазнин ва аёдаткунандагон ройгон хизмат мерасонад ва оид ба ин масъала эълонҳо дар назди лифтҳо насб карда шудаанд.
Ҳамчунин муайян шудааст, ки лифтҳо ба аҳолӣ ройгон хизмат мекунанд ва 6 нафар кормандон ҳамчун лифтёр ба хизматрасонӣ машғул буда, аз ҳисоби беморхонаи клиникавии вилояти Суғд музди маош мегиранд.
Ба ғайр аз ин, аниқ карда шудааст, ки муроҷиати шаҳрванд Саодат Исмоилӣ (муаллифи мақола) дар беморхона, хусусан ба табибони шуъбаи чашм дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин, ӯ ба маъмурияти беморхона муроҷиат накардааст. Новобаста аз ин, дар маҷлиси васеи кормандони беморхона ва маҷлиси ҳарҳафтаина нозирони лифтҳо аз тарафи роҳбарият огоҳонида шудаанд, ки хизматрасониро ба беморон ва мардум беҳтар намоянд ва дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои дохилиидоравӣ ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ аз кор озод карда мешаванд.
Ҳамзамон дар мақола бобати пулакӣ будани лифти беморхонаи марказии шаҳрии Исфара низ қайд карда шудааст. Маълум гардид, ки дар беморхона як адад лифт фаъолият дорад, ки он ҳам бошад, байни қисми шӯъбаҳои ҷарроҳии калонсолон ва эҳёи калонсолон буда, тавассути ин лифт танҳо беморон баъди гузаронидани ҷарроҳӣ аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ ба шӯъбаи эҳёи калонсолон ройгон гузаронида мешаванд. Шаҳрвандон аз ин лифт истифода бурда наметавонанд, чунки ин лифт дар дохили шӯъбаи эҳёи калонсолон ҷойгир мебошад.