1 ноябри соли 2024 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ю.А. Раҳмон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дарҶумҳурии Тоҷикистон Григорьев Семён Вячеславович баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ муҳокима гардиданд.

Инчунин, дар рафти мулоқот оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо изҳори назар карда шуд.