4 октябри соли 2024 дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Арманистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 34-уми Прокуророни генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, дар мавзӯи: «Нақш ва таҷрибаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва киберҷиноятҳо» баромад намуд.
Дар чорабинии мазкур, инчунин роҳбарияти прокуратураҳои генералии кишварҳои узви ИДМ – Ҷумҳурии Арманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла Котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ иштирок ва баромад намуданд.
Дар доираи ҷаласа оид ба нақши мақомоти прокуратура дар самтҳои гуногуни фаъолияти прокуратура, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти прокуратура, ҳимояи манфиатҳои давлат дар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон, ҳифзи соҳибкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони прокурорӣ ва тафтишотӣ, ташкили назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ва пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо мубодилаи афкори суратгирифтаро бо мақсади татбиқи эҳтимолии он дар фаъолияти амалӣ ба эътибор гирифта, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои прокуратураҳои кишварҳои узв дар самтҳои болозикр ба мувофиқа расиданд.