20-уми сентябри соли равон ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ”эълон гардидани соли 2024, ки он бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии             Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, дар Прокуратураи генералӣ  бахшида ба ин санаи муҳим конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Конститутсия                кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баргузор гардид.

         Дар конференсия роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуратураи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Суди Олӣ, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,           сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, олимон иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад  намуданд.

          Қайд гардид, ки Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимми соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб ёфта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум намуда, дар худ моҳияти тамоми            соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи моро ифода карда, арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро                      инъикос менамояд.

          Таъкид гардид, китаълим ва маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии            Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

          Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳадафҳои                аслии   «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  мебошад.

          Ҳадафи Конференсия муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони   Истиқлолият оид ба  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб ёфта, он ба густариши                      ҳамкориҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани принсипҳои конститутсионӣ мусоидат хоҳад намуд.

          Чорабинии мазкур барои боз ҳам равнақ додани фаъолияти мақомоту идораҳои давлатӣ дар мустаҳакам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконият фароҳам хоҳад овард.

 

 Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги

 қонунгузорӣ ва маркази матбуоти

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон